АЗ ОББОЗӢ ДАР ҶОЙҲОИ МАНЪШУДА ХУДДОРӢ НАМОЕД! Аз аввали сол то 14 июн дар обҳои кишвар 56 нафар ғарқ шуданд
ДУШАНБЕ, 15.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тобистон бо гармӣ, истироҳату меваҳои шаҳдбораш фасли зебову дӯстдоштанист. Аммо оғози гармиҳо ҳамеша ташвишу изтироб дорад, бахусус агар одамон мехоҳанд истироҳати худро дар назди махзанҳои об гузаронанд. Табиист, ки истироҳат дар ин гуна мавзеъҳо наметавонад бе оббозӣ гузарад ва мутаассифона бархе аз шаҳрвандон дар ин ҳолат ба ҳалокат мерасанд. Мутаассифона, аз аввали сол то 14 июни соли равон дар натиҷаи риоя нашудани қоидаҳои шиноварӣ дар обҳои кишвар 56 нафар ғарқ шудаанд, ки 30 тани онҳо касони то 16 сола мебошанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Бино ба таҳлилҳо, 5 нафар ғарқшудагон тифлони то 5 сола, 9 тани дигар то 10 сола ва 16 нафарашон аз 10 то 16 сола будаанд. Шумори аз 19 то 35 солаҳо 19 нафар ва аз 35 сола боло 7 нафар мебошанд.
Тавре дар маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар доираи нақша чорабиниҳои тасдиқнамудаи роҳбарияти Раёсати мазкур аз ҷониби Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғон ва ҷавонон амалиёти профилактикию фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои оббозӣ ва пешгирии ҳолатҳои ғарқшавии ноболиғон дар ҳудуди кӯлу дарёчаҳои шаҳри Душанбе гузаронида шуд.
Мавриди зикр аст, ки бо гарм шудани ҳаво наврасону кӯдакон ба оббозӣ дар кӯлу дарёҳо машғул шуда, дар баъзан ҳолат қоидаҳои бехатариро сарфи назар мекунанд, ки ин ҳамасола ба ҳолатҳои зиёди ғарқшавии наврасон оварда мерасонад.
Боиси таассуф аст, ки дар бештари маврид бархе ноболиғон аз бемасъулиятии волидайни худ истифода бурда, ба кӯчагардӣ, махсусан ба оббозӣ дар оби пур аз хошоку макони хатарнок машғуланд, ки ин амали онҳо метавонад боиси сироятёбӣ ба бемориҳои гуногун ва ғарқшавиашон гардад.
Чуноне дар ҷараёни амалиёти мазкур мушоҳида гардид, баъзе аз кӯдакони хурдсол бе ҳузури волидайн ба оббозӣ машғуланд, ки ин метавонад ба саломатии онҳо ва ҳатто ғарқшавӣ оварда расонад. Кормандони милитсияи шаҳри Душанбе бо чунин наврасон, ки дар маконҳои хатарнок ба оббозӣ машғул буданд корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Аз ин лиҳоз, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе расман ба шаҳрвандону сокинони шаҳри Душанбе муроҷиат намуда, аз кулли шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки нисбат ба саломатии фарзандони худ бетафовут набошанд ва нагузоранд фарзандони онҳо ба кӯчагардиву оббозӣ дар маконҳои хатарнок машғул шаванд.
Дар ин маврид Қонун «Дар бораи масъулитяи падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бояд дар мадди аввал иҷро карда шавад, аммо таҳлилгарону коршиносон аз беназорати калонсолон изҳори нигаронӣ мекунанд. Дар аксар мавридҳо кӯдакону наврасон маҳз бар асари ҳамин гуна беэътиноиву беназоратӣ ҷони худро аз даст медиҳанд.
Бахусус беназорат мондани кӯдакон дар соҳилҳо басо хатарнок мебошад. Кӯдак ҳатто метавонад аз шуои офтоб осеб дида, гирифтори бемориҳое гардад, ки оқибати ногувор дорад.
Дар ин асно, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ барои таъмини амнияту бехатарӣ дар об ба шаҳрвандон қоидаҳои зерини бехатариро меомӯзонад, то ки ҳангоми оббозӣ онҳоро бояд донист ва риоя кард:
— барои дар об ғарқ нашудан, бояд маҳорати хуби шиноварӣ дошт;
— ҳангоми шиноварӣ аз соҳил дур нараванд, чунки дар мавриди аз соҳил дур шудан қуввати шиновар заиф гашта, маҷоли бозгашт намеёбад ва ногаҳон ба таҳлука меафтад;
— танҳо баъди 1,5 — 2 соати ғизо хӯрдан метавон оббозӣ кард;
— то назди заврақҳои муҳаррикдошта шино накунед, чунки ҳангоми наздик шудани заврақ, сатҳи об боло меравад ва баъди гузашта рафтани он, сатҳи об якбора паст шуда, метавонад боиси ғарқшавии шахс гардад;
— дар ҷойҳое, ки обсабзаҳо мерӯянд, набояд шино кард, чунки хатари ба онҳо печидан ва дар гирдоб ғарқ шудан пайдо мегардад;
— набояд баъди дар офтоб гарм шудан ва ё сардии об ба он ворид шуд;
— дар ҳолати мастӣ вориди об нашавед;
— дар об саргарми ҳар гуна бозиҳо нашавед, ки дасту пои шуморо аз ҳаракат медоранд ва ҳаракати шуморо маҳдуд мекунанд;
— ба кӯдакон ҳатман оббозӣ омӯзонед ва ҳангоми дар наздикии об будан онҳоро беназорат нагузоред;
— агар ҳарорати бадани шумо боло ё поин бошад, оббозӣ кардан мумкин нест, ин хеле оқибати нохуб хоҳад дошт, дар об дар чунин ҳолат мондан хатарнок аст;
— дар ҷойҳои ношинос оббозӣ накунед;
— дар ҷойҳое, ки оббозиро манъ кардаанд ва аломатҳо гузошта шудаанд, ҳаргиз оббозӣ накунед;
— агар шумо шиноварӣ наметавонед ва нохост вориди об шудед, дар об рӯболо бихобед, дастонатонро ба ду тараф кушоед, метавонед чуқур-чуқур ва тез-тез нафас кашед;
— дар ҳолати амудӣ дар дохили об будан, пойҳоятонро тавре ба ҳаракат дароред, ки гӯё шумо дар дучарха педал мезанед;
— агар хаста шудед, пас пуштнокӣ хобида, дар рӯи об истироҳат кунед, барои ин бозувон ва пойҳоятонро ҷафс накунед, ба сар дар об хобед ва истироҳат намоед;
— агар шумо хунук хӯрда бошед, дасту пойҳоятонро бо навбат ҷунбонида, гарм шавед ва чун замоне мегузарад, дубора ба самти соҳил ҳаракат кунед;
— агар шумо дар ҷараёни об мондед, диагоналӣ ба самти соҳили наздик ҳаракат кунед;
Кумита ба шаҳрвандон ва аҳолии мамлакат пешниҳод менамояд, ки ҳангоми ҳолатҳои фавқулода ва рӯйдодҳои нохуш метавонанд ба қисми навбатдории фаврии КҲФ бо телефонҳои зерин: 112, 93 880 28 19, 221-91-19, 223-13-11 муроҷиат намоянд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: КҲФ ва МГ/ РВКД дар ш. Душанбе








Дар ноҳияи Айнӣ беморхонаи минтақавӣ бунёд карда мешавад
Таҷрибаи Тоҷикистон дар ислоҳоти соҳаи тандурустӣ дар доираи СҲШ муаррифӣ карда шуд
20 АПРЕЛ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Ин мақомот сиёсати ҳуқуқии давлатро таъмин мекунад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли қулфинай фаромӯшхотириро кам мекунад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо фаъолони ноҳияҳои минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун вохӯрӣ намуд
ҲХДТ ва Ҳизби коммунистии Чин робитаҳоро густариш медиҳанд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Дӯстии ҷавонон» баргузор мегардад
Доир ба татбиқи грантҳои Хазинаи пандемикӣ дар Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон гузориш пешниҳод намуд
Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
Оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид






