БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Таъмири роҳи мошингарди Хуҷанд-Ашт оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 11.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дар дигар манотиқи мамлакат дар ноҳияи Ашт низ корҳои созандагию ободонӣ вусъат меёбанд. Аз ҷумла, бо гузоштани асфалти гарм ба корҳои таъмиру навсозии роҳи мошингарди Хуҷанд-Ашт оғоз бахшда шуд.
Тавре корманди маркази матбуоти Раиси ноҳияи Ашт Ҳаётҷони Одил ба АМИТ «Ховар» хабар дод, барои аз таъмири хушсифат баровардани роҳи мошингарди Хуҷанд–Ашт бо ташаббус ва дастгирии соҳибкорони ноҳия 1 миллиону 661 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъ оварда шуд ва дар назар аст, ки роҳи мазкур тӯли 4- 5 моҳ ба истифода дода мешавад.
Дар маросими шурӯъ намудани таъмири роҳи мазкур раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарияти ҲХДТ дар ноҳия, масъулин соҳаҳои дахлдор ва фаъолон иштирок намуданд.
Раиси ноҳияи Ашт бо зиёда аз 100 нафар кормандон суҳбат анҷом дода, зикр кард, ки баҳри сари вақт ва босифат сохта ба истифода додани ин роҳи мошингард онҳо масъулияти калонеро бар душ доранд.
Ҳамзамон раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода бо ҷалби соҳибкорон, пирони соҳибтаҷриба, фаъолони 9 ҷамоати ноҳия вохӯрӣ намуда, таъкид кард, ки мардуми меҳнатқарини ноҳия дар ҳар давру замон барои ободкориву созандагӣ ташаббус нишон дода, дар ободу зебо гардонидани маҳалли зисташон саҳми босазо мегузоштанд.
-Маҳз бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешрафту тараққиёт қадамҳои устувор мегузорад. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст дар паҳлуи Сарвари давлат сарҷамъ гашта, диёрамонро боз ҳам ободу зебо намоем», -гуфт Раиси ноҳияи Ашт.
АКС: МИҲД-и ноҳияи Ашт








Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд






