Ба китобхонаи Агентии хизмати давлатӣ аз ҷониби Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Русия беш аз 3 000 китоб тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 14.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзноманигор, олим, ходими сиёсӣ ва давлатӣ-Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия Зафар Сайидзода ба китобхонаи Агентии хизмати давлатӣ беш аз 3000 адад асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, китобҳои эҷоднамудаи худ, адабиёти илмӣ, сиёсӣ ва бадеӣ, аз ҷумла китобҳои «Эмомалӣ Раҳмонов: Оғози марҳалаи созандагӣ», «Эмомалӣ Раҳмонов — поягузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ», «Эмомалӣ Раҳмонов: Соли Рӯдакӣ», «Эмомалӣ Раҳмонов — Президенти мо», «Эмомалӣ Раҳмонов: Соли тамаддуни ориёӣ» ва ғайраҳоро ба Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфа намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Доктори илмҳои таърих Зафар Сайидзода муаллиф ва ҳаммуаллифи беш аз 70 асар оид ба фалсафа, таърих, забон, сиёсатӣ хориҷӣ ва ташаккули имиҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бархе аз китобҳои мазкур низ ба китобхонаи Агентии хизмати давлатӣ тақдим гардидаанд.
Китобҳои тақдимгардида ба фонди китобхонаи Агентии хизмати давлатӣ ворид карда шуда, дастраси кормандони Агентӣ, шунавандагони курсҳои такмили ихтисос, таҷрибаомӯзон ва тамоми хизматчиёни давлатӣ мебошанд.
Мавриди зикр аст, ки дар асоси ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Агентии хизмати давлатӣ китобхонаи идоравӣ таъсис дода шуда, дар он китобҳои соҳаи хизмати давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, адабиёти илмӣ ва бадеӣ ҷамъ оварда шудаанд.
Ҳамчунин ба фонди китобхонаи Агентии хизмати давлатӣ китобҳои туҳфанамудаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — «Пешвои муаззами миллат, Эмомалӣ Раҳмон — Пайвандгари дӯстии Тоҷикистон ва Россия», «Роҳи абрешим: Тоҷикистон ва Чин», «Эмомалӣ Раҳмон эҳёгари Роғун», «Тоҷикистон-25 сол» ва ғайраҳо ворид карда шуда, барои мутолиаи кормандон, шунавандогони курсҳои такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзон дастрас мебошанд.

Инчунин нависандаи Халқии Тоҷикистон Абулҳамид Самад, Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода, директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода ва муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Латифзода ба китобхонаи Агентии хизмати давлатӣ китобҳои пурарзиши илмӣ ва бадеӣ ва асарҳои эҷоднамудаи худро тақдим намудаанд.
Ба ғайр аз ин, бо мақсади зиёдгардонидани фонди китобхонаи Агентии хизмати давлатӣ аз Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» китобҳои «Авесто», «Мероси хаттии бостон» (ҷилдҳои 1 ва 2,), «Шоҳнома»-и Саолибӣ», «Ҳудуд-ул-олам», «Зайн-ул-ахбор», «Таърихи Байҳақӣ», «Бохтар» (ҷилдҳои 1 ва 2), «Аҷоибнома», «Динкард», «Забони миллат-ҳастиимиллат», «Забони давлатӣ ва истиқлол», «Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик» (ҷилдҳои 1 ва 2) харидорӣ гардидаанд.
АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад






