БА ШАРАФИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Роғун 105 иншоот бунёд мегарданд

Июнь 1, 2022 11:44

РОҒУН, 01.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. То ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатӣ  дар шаҳри Роғун иншооти зиёди ҷашнӣ, аз ҷумла дар кӯчаи 25-солагии Истиқлолият 38 иншоот, дар шаҳраки Оби Гарм 14 иншоот, дар Ҷамоати деҳоти Қади об 43 иншоот ва дар Ҷамоати деҳоти Сичароғ 10 иншоот бунёд мегарданд, ки дар умум 105 ададро ташкил медиҳанд. Аз ин иншооти сохташаванда 8 адади он аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта, аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ сохта мешаванд. Онҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва ҷараёни корҳо аз ҷониби вазорату кумитаҳои дахлдор назорат ва натиҷагирӣ карда мешаванд. 19 адади дигар аз ҳисоби буҷаи маҳаллию сармояи хориҷӣ ва 78 иншооти боқимонда аз ҷониби соҳибкорон сохта мешаванд.

Ин матлаб зимни вохӯрии масъулини шаҳри  Роғун бо соҳибкорону фаъолон баён гардид.

Тавре сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Роғун Шоира РАҶАБАЛИЕВА ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД иттилоъ дод, дар ҳамоиш ҳамчунин ҷиҳати вусъат додани раванди ободонию созандагӣ, саҳмгузорӣ дар амалҳои хайр, таъсиси корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ва рушди шаҳрдорӣ сухан гуфта шуд.

Зимни мулоқот бо соҳибкорону фаъолон раиси шаҳри Роғун Сунъатулло Саидзода иброз намуд, ки «ҳамкории соҳибкорон бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун сол то сол қавӣ гардида, ин гувоҳи дастгирии сиёсати давлатӣ, рушди соҳибкорӣ ва фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ барои мардум мебошад. Дар ҳудуди шаҳри Роғун 284 соҳибкор фаъолият доранд, ки бо истифода аз донишу малакаи касбӣ дар рушди иқтисоди шаҳр саҳми арзанда мегузоранд ва то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ зиёда аз 78 иншооти дорои аҳамияти гуногунро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳанд».

Бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун  нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун оид ба истиқболи арзандаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 110 банд таҳия ва тасдиқ шудааст. Тибқи ин қарор, муовини якум, муовинон ва роҳбари дастгоҳ дар ҷамоатҳо ва маркази шаҳр барои назорати ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вазифадор гардидаанд.

Дар мулоқот зикр гардид, ки шаҳри Роғун ояндаи наздик бояд ба яке аз марказҳои фарҳангиву сайёҳӣ ва муаррифи маданияти баланди меҳмоннавозии тоҷикон табдил гардад, зеро таваҷҷуҳи сайёҳон ба ин мавзеъ торафт зиёд мешавад.

Бо ин мақсад бо истифода аз обҳои шифобахш ва табиати зебои диёр ҷиҳати фароҳам овардани шароити муосир барои рушду ривоҷи соҳаи сайёҳӣ аз ҷониби масъулин мунтазам тадбирҳо андешида мешаванд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун

 

Июнь 1, 2022 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд