Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода толори фарҳангӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Июнь 29, 2022 14:16

ДУШАНБЕ, 29.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар деҳаи «Чиртак»-и ҷамоати деҳоти «Навобод» бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, Кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (КИ ҲХДТ) ва дастгирии сокинони ватанпарвар — аъзои фаъоли ҳизб толори фарҳангӣ дар фазои тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, хабар дод ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуот ва таҳлили дастгоҳи КИМ ҲХДТ Илҳомҷон Ҳамидиён.

Дар тантанаи ифтитоҳи иншооти фарҳангӣ муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, раиси шаҳр Парвиз Акрамзода ва як зумра шахсони баруманди диёр иштирок намуданд.

Дар толор бо аҳли ҷамоатчигӣ суҳбати озоду самимии ҳайати меҳмонон сурат гирифта, ифтитоҳи толори мазкур идомаи сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон арзёбӣ гардид.

Аснои боздид аз тарафи муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ ин ташаббус шоистаи пайравӣ арзёбӣ гардида, намунаи ибрат дониста шуд. Аъзои ҲХДТ дар ҷамоат ибтикор гирифтаанд, ки минбаъд низ дар марҳилаи бузурги созандагӣ ширкати фаъолона намуда, барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва зиндагии шоистаи мардум талош ва мусоидат намоянд.

Боиси зикри хос аст, ки шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ тақозо менамояд, ки низоми нави рушди соҳаи фарҳанг ташаккул дода шавад. Хусусан, ба тавсеаи зеҳни инсонӣ, заковати фитрӣ, рушди маънавиёт, тарғиби зебоипарастӣ, омӯзонидани ҳунарҳои нафиса ва инкишофи суннатҳои устувори фарҳангии халқамон аҳаммият додан аз рисолатҳои усулии ҲХДТ мебошад.

Иҷрои ин рисолати муҳимми миллӣ, ҳамчунин, дар зеҳни насли наврас ва ҷавонон тақвият бахшидани ифтихори миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ба раванди бунёдкориву созандагӣ даъват ва сафарбар намудани мардум аз вазифаҳои муҳимми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

АКС: маркази матбуот ва таҳлили дастгоҳи КИМ ҲХДТ

Июнь 29, 2022 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд