Боздиди Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Парки техникӣ дар шаҳри Тошканд
ДУШАНБЕ, 02.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 2 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Тошканд аз Парки техникӣ боздид ба амал оварда, бо фаъолияти он шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки маҷмааи замонавӣ соли 2019 ба хотири рушди минбаъдаи соҳаи саноат ва тавсеаи истеҳсоли маҳсулоти мавриди ниёзи мардум бунёд шуда, дар ин ҷо 17 лоиҳа ба маблағи умумии 365 миллион доллари америкоӣ амалӣ карда мешавад.
Таъкид гардид, ки ҳадаф аз таъсиси парки техникӣ истеҳсоли молу маҳсулоти ивазкунандаи воридот, истеҳсоли ашёи зарурии рӯзгор ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад.
Айни ҳол дар Парки техникии Тошканд қариб 5 ҳазор нафар фаъолият доранд.
Зимни боздид аз парки техникӣ Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо намоишгоҳи молҳои саноатӣ ва кишоварзии корхонаҳои саноатии Узбекистон шинос шуданд.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсулоти дар корхонаҳои технопарк истеҳсолшаванда, аз ҷумла асбоби рӯзгор, ҳисобкунакҳои электронии газ, лифт, насосҳои обкаш, кондитсионерҳои саноатӣ, таҷҳизоти яхдон ва мошинҳои ҷомашӯӣ муаррифӣ карда шуд.
Дар намоишгоҳ молу маҳсулоти 24 корхонаи саноатии 14 шаҳру ноҳияи Узбекистон ба маъраз гузошта шуда буд.
Сарони давлатҳо баъди шиносоӣ бо фаъолияти парки техникӣ ба раҳбарони соҳаҳо барои ҳамкории зичу пурсамар ва таҳияи лоиҳаҳои муштарак дастур доданд.









Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд






