Далер Ҷумъа барои иштирок дар ҷаласаи вазирони энергетикаи кишварҳои узви СҲШ ба Тошканд меравад

Июнь 23, 2022 13:28

ДУШАНБЕ, 23.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Далер Ҷумъа барои иштирок дар ҷаласаи вазирони энергетикаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки 24 июн баргузор мешавад, ба Тошканд меравад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби мамлакат хабар доданд.

Ба иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон, вазирони энергетикаи Узбекистон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия ва Тоҷикистон вазъ ва дурнамои ҳамкориро дар самти барои Созмон стратегӣ баррасӣ хоҳанд кард.

Интизор меравад, ки дар анҷоми ҷаласа санадҳои консептуалӣ оид ба роҳи энергетикии СҲШ, аз ҷумла Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи амалии консепсияи ҳамкории кишварҳои узви СҲШ дар соҳаи энергетика, инчунин лоиҳаи барномаи ҳамкорӣ  дар соҳаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия тасдиқ гарданд.

Мавриди зикр аст, ки ҷаласа дар доираи раёсати Узбекистон дар СҲШ баргузор мегардад.

Гуфта мешавад, ки сарони ҳайатҳои кишварҳои узв инчунин дар Форуми энергетикии Узбекистон иштирок менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз ба СҲШ Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Покистон ва Узбекистон шомил мебошанд.

АКС: twitter.com

Июнь 23, 2022 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид