Дар Алмаато 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 01.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 30 май бо ташаббуси Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаато ва иштироки ҷамъияти тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзии муқими шаҳри Алмаато бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаато Равшан Бобохонзода оид ба муҳимияти таърихии Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард, сухан ронд.
Иштирокчиёни вохӯрӣ баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз санаҳои бузурги таърихӣ номиданд.
Дар ҳошияи чорабинии мазкур барои иштирокчиён лавҳаи махсуси ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд, ки дар он аксҳо ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Акс: ВКХ ҶТ








Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






