Дар Анқара 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии Туркия бо кишварҳои дӯст ва бародар таҷлил гардид

Июнь 6, 2022 19:40

ДУШАНБЕ, 06.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 6 июн мулоқоти  Вазири корҳои хориҷии Туркия Мевлут Чавушоғлу ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии Туркия бо кишварҳои дӯст ва бародар баргузор шуд, ки дар он Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара Ашрафҷон Гулов низ ҳузур дошт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон  дар Туркия  хабар доданд.

Дар ин чорабинӣ ҳамчунин Вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон  Ҷейҳун Байрамов ва сафирони Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон Туркманистон, Узбекистон ва Украина ширкат варзиданд.

Дар суханронии худ Мевлут Чавушоғлу зикр кард, ки саҳмгузорӣ дар субот ва рушди Қафқози Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Туркия маҳсуб меёбад. Ҳамзамон, номбурда оид ба ҳамкории судманди гуногунҷабҳаи Туркия бо кишварҳои мавриди таваҷҷуҳро хотирнишон намуд.

Дар ҳошияи чорабинӣ суҳбати Сафири Тоҷикистон дар Туркия бо Вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон баргузор шуда, ҷонибҳо оид ба ҳамкорӣ дар самтҳои қобили таваҷҷуҳ мубодилаи афкор намуданд.


Ёдовар мешавем, ки 28 январи соли 2022 миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган омадааст:

«Ҷаноби Олӣ, дӯсти гиромӣ,

Лутфан, табрикоти самимӣ ва таманниёти неки ин ҷонибро ба муносибати 30-солагии истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия бипазиред.

Тайи солҳои сипаришуда муносибатҳои дӯстиву ҳамкории судманд миёни Тоҷикистон ва Туркия зина ба зина рушд ёфта, имрӯз доираи васеи шарикии байнидавлатиро дар арсаҳои гуногуни мавриди манфиатҳои аслии мардумони ду ҷониб дар бар мегиранд.

Мо аз сатҳу муҳтавои кунунии робитаҳои фарогири кишварҳоямон, ки бар пояи арзишҳои муштараки тамаддунӣ, таърихӣ ва усулҳои ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми якдигар ва эътимод асос ёфтаанд, ғояти қаноатмандии худро изҳор мекунем.

Итминони комил дорем, ки бо азми қавӣ ва ҷидду ҷаҳди амалии якҷоя муносибатҳои ду кишвар минбаъд ҳам ба таври рӯзафзун рушд ёфта, паҳнои сифатан нави ҳамкориро касб хоҳанд кард.

Тоҷикистон алоқаманди тақвияти ин раванд буда, омодааст, то дар ин ҷода тадбирҳои лозима андешад.

Ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳатмандии комилу саодат ва комёбиҳои навин, ба мардуми бародари Туркия сулҳу субот, осудаҳолӣ ва пешрафту шукуфоии бемайлон орзумандам».

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:

«Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, дӯсти азиз,

Ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори равобити дипломатӣ байни кишварҳоямон, Ҷаноби Олӣ ва мардуми Тоҷикистонро аз номи худ ва аз номи миллатам самимона табрику муборакбод мегӯям.

Мо аз он хушнудем, ки кишвари мо яке аз нахустинҳо дар заминаи пайвандҳои муштараки таърихиву фарҳангӣ бо Тоҷикистон равобити дипломатиро барқарор намудааст. Ба шарофати робитаҳои устуворе, ки мо тайи се даҳсолаи охир дар бисёр соҳаҳо барқарор кардем, муносибатҳои мо ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ пайваста рушду таҳким ёфта истодаанд.

Бо дарназардошти таҳаввулоти минтақаи мо, ман бар он боварам, ки ҳамкорӣ ва ҳамбастагӣ байни давлату мардумони мо бояд минбаъд низ таҳким ёфта, ҳифз карда шаванд. Қадамҳои устуворе, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо мегузорад, моро водор менамояд, то ба ояндаи муносибатҳои ҳамкории кишварҳоямон дидгоҳи умедбахш дошта бошем.

Мо омодаем, ки бо амалӣ намудани Шӯрои ҳамкории миёни кишварҳо, ки дар 20-умин солгарди равобити дипломатӣ таъсис додаем, бо талошҳои муштарак ба ин раванд ба манфиати умум ва некӯаҳволии мардумонамон вусъат бахшем.

Бо истифода аз фурсат ба Ҷаноби Олӣ тансиҳативу хушбахтӣ, ба мардуми дӯсту бародари Тоҷикистон беҳбудиву осудагӣ орзумандам».

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия

Июнь 6, 2022 19:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳрҳои Душанбе ва Боку дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҳамкориро густариш медиҳанд
Дар Бангкок иҷлосияи 80-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои давлатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми маблағгузории соҳаи рушд дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуд
Дар Москва машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия баргузор шуданд
Дар шаҳри Минск иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ масъалаи ҳамкории ду давлатро дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ва Италия Созишнома оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатиро ба имзо расониданд
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи IRAN EXPO-2024 иштирок менамояд
Директори Маркази байналмилалии амнияти об барои иштирок дар Конфронси сеюми оби Душанбе даъват гардид
Дар Бушаҳри Эрон зарфияти иқтисодии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо Ҷумҳурии Италияро шарики муҳим ва боэътимоди худ дар Аврупо медонем»
Дар шаҳри Минск Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд