Дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ соҳибкорони шаҳри Турсунзода 11 иншооти иҷтимоиро ба истифода медиҳанд

Июнь 20, 2022 14:55

ТУРСУНЗОДА, 20.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ соҳибкорони шаҳри Турсунзода 11 иншоот, аз қабили марказҳои хизматрасонию савдо, биноҳҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ, нуқтаи дандонпизишкӣ,  маҷлисгоҳ ва коргоҳи истеҳсоли хишти сементро ба истифода медиҳанд.

Тибқи иттилои котиби матбуотии раиси шаҳри Турсунзода Фирўз Холиқов, «имрӯзҳо дар асоси нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо аҳли ҷамоатчигӣ вохӯрию суҳбатҳо гузаронида шуда истодааст. Ҳамчунин ба ифтихори ин ҷашни таърихӣ  бо иштироки сарояндагони хориҷию дохилӣ дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот барномаҳои фарҳангии  идона баргузор гардида истодаанд».

Директори мактаби варзишии шаҳри Турсунзода Фаридун Раҳмонов иброз дошт, ки  «ин неъмати бузург ба миллати мо ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар барқарор гардидани он нақши  абармарди майдони сиёсат- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург аст. Онҳое, ки ҳодисаҳои солҳои навадумуми асри гузаштаро дар хотир доранд, ба қадри ваҳдат мерасанд ва барои ҳифзи он омодаанд».

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 20, 2022 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид