Дар Балҷувон Фестивали «Сад ранги чакан» доир гардид

Июнь 5, 2022 08:25

БАЛҶУВОН, 05.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон Фестивали ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан” ҷараён дорад, ки дар он ҳунармандон маҳсули ҳунари хешро ба намоиш  мегузоранд. Дар Ҷамоати деҳоти “Тоҷикистон”-и ноҳияи Балҷувон даври ноҳиявии Фестивали  «Сад ранги чакан» баргузор гардид, ки дар он занон ва духтарони ноҳия ҳунари худро ба аъзои ҳакамон нишон доданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛЗОДА.

Ёдовар мешавем, ки ба рӯйхати Мероси фарҳанги ғайримодии ЮНЕСКО ворид гардидани чакан мардуми Тоҷикистон, алалхусус ҳунармандонро хушнуд кард ва ин шароит фароҳам овард, ки барои рушд додани чакандӯзӣ ва омӯзиши ин ҳунари ниёгон ба ҷавонон тадбирҳои судманд андешида шаванд.

Ҳунармандони ноҳияи Балҷувон тибқи низомномаи фестивал маҳсулоти чаканӣ, аз ҷумла куртаю рӯймол, ашёи рӯзгор, сӯзанӣ ва  болишту бардевориҳоро ба намоиш гузоштанд. Дар намоиш бештар ҷавондухтарон фаъол буданд ва бо пӯшидани  либосҳои чакани гуногунранг ба маҳфил ҳусни тоза бахшиданд. Ҳайати ҳакамон аз намоишгоҳ дидан карда, ба ҳунару маҳорати кадбонуҳо ва ҳунармандон баҳои баланд доданд.

Тавре узви ҳайати ҳакамон Моҳсафар Абдуллозода иттилоъ дод, “мардуми тоҷик аз қадим соҳибфарҳанг буду соҳибҳунар ва ҳунари хешро аз насл ба насл боқӣ гузошта, то замони мо расонидааст. Ин аст, ки вобаста ба ҳаводиси таърих ва пешрафти илму техника ба нақши чакан низ дигаргуниҳо ворид шудаву вале он мавқеи худро гум накардааст. Дар нақши чакан табиати зебои диёр, ҳунари волои занону модарони тоҷик ва нақшу нигори миллӣ ҷой доранд”.

Дар идомаи намоиш сару либоси арӯсӣ аз чакан ва адрасу атлас пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 5, 2022 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд