Дар Давҳа бахшида ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид

Июнь 24, 2022 14:35

ДУШАНБЕ, 24.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 23 июн дар шаҳри Давҳа Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қатар ба ифтихори 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанивиро бо ҳузури шаҳрвандони тоҷикистонии муқими Қатар баргузор намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Сафири Ҷумҳури Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода ҳамватанонро ба муносибати ин ду ҷашни фархунда, ки дар сафҳаҳои таърихи навини тоҷикон бо хутути зарин ҷовидона сабт шудаанд ва дар таҳаққуқи амалии ормонҳои миллӣ ва сохтмони давлати демократию ҳуқуқбунёд нақши тақдирсоз доранд, табрику таҳният гуфт.

Таъкид гардид, ки дар партави талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва боварии содиқонаи мардум ба Пешво ва Ҳукумати кишвар имрӯз Тоҷикистон бо ташаббусҳои созандаи худ дар ҳалли масоили мубрами глобалӣ ҷойгоҳи баландро дар арсаи байналмилалӣ касб намудааст.

Дар ин замина зикр карда шуд, ки ваҳдати миллӣ нерӯи асосии пешрафтҳои таърихию беназири кишварамон дар ҷиҳати татбиқи босамари ҳадафҳои стратегии рушд ва мубориза алайҳи чолишҳои амнияти миллӣ ва суботи Тоҷикистон мебошад.

Дар рафти ҳамоиши Сафорат филмҳои мустанад ва аксҳои таърихӣ дар бораи равандҳои барқарорсозии сулҳу оромӣ, бунёди аркони давлати демократию ҳуқуқбунёд, эҷоди ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, таъмини низоми ҳуқуқии адолатпеша ва татбиқи барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, ки маҳз аз қарорҳои Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби раҳбари хирадманди кишвари ҷавону соҳибистиқлол маншаъ мегиранд, намоиш дода шуданд.

Акс: ВКХ ҶТ

Июнь 24, 2022 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Италия баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари ширкати аморотии Tahaluf AI мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 6-уми Форуми раисони шаҳрҳои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати LANXESS Олмон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси иҷроии Муассисаи ташаббуси сармоягузории оянда мулоқот намуд
Дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Австрия машваратҳои сиёсӣ баргузор намуданд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо роҳбарияти хабаргузории KUNA ҳамкории иттилоотиро баррасӣ кард
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд