Дар деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ корхонаи коркарди чормағзи заминӣ бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 15.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ корхонаи коркарди чормағзи заминии ҶДММ «Ҷаъфар» бо харҷи беш аз 750 ҳазор сохта шуда, метавонад то 10 нафарро бо ҷойи корӣ таъмин созад. Барои ба роҳ мондани истеҳсолот аз ҷониби муассиси корхона таҷҳизоти зарурӣ аз Чин ва Туркия ворид карда шуда, дар он дар як сол то 4000 тонна маҳсулот коркард мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони корхонаҳои нави истеҳсолӣ ҷараён дошта, барои ташкили ҳарчи бештари ҷойҳои корӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ дар деҳоти Палдорак бо сохтмони корхонаи коркарди чормағзи заминии ҶДММ «Ҷаъфар» шинос шуда, ташкили корхонаи навро ба манфиати кор арзёбӣ кард.
Раиси вилоят зикр кард, ки коркард ва истеҳсоли маҳсулот дар асоси омӯзиши бозор ба роҳ монда шуда, дар оянда содироти маҳсулоти тайёр низ ба нақша гирифта шавад.
Дар идомаи боздид Раҷаббой Аҳмадзода дар деҳоти Палдорак аз коргоҳи дӯзандагии соҳибкор Фазлиддин Ҳасанов дидан намуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар коргоҳ 50 адад дастгоҳҳои дӯзандагӣ насб гардида, бо фаъол гардидани он то 60 нафар ба кор ҷалб карда хоҳанд шуд. Коргоҳи дӯзандагӣ бо харҷи 1,2 миллион сомонӣ бунёд ва ҷиҳозонида шуда, дар ошёнаи якуми он ҳамзамон кошонаи ҳусн низ ташкил карда мешавад.
Сипас Раиси вилоят аз бинои иловагии ҶДММ «Маркази ташхисию табобатии Сино» боздид намуд. Бинои иловагии марказ аз ҷониби соҳибкор Боймаҳмад Султонов бунёд шуда, аз се ошёна иборат аст. Дар ошёнаи якуму дуюми бино таҳлилгоҳ, дар ошёнаи сеюм 34 кат ва ошхона бо 40 ҷой ҷойгир карда мешавад. Барои бинои иловагии марказ таҷҳизоти тибии муосир аз давлатҳои Чин, Корея ва Русия ворид карда шуда, муоина ва табобати беморон дар сатҳи баланд ба роҳ монда хоҳад шуд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд










Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чехия дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ гардид
Масъалаи истифодаи механизмҳои нави маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ шуд
РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар нуҳ моҳи соли 2026 8,3 фоиз таъмин гардид
Олимони тоҷик парвариши гандуми тирамоҳӣ ва пахтаро дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ намуданд
Ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ гардид
«СОҲИБКОРИИ ЗАНОН: ИМКОНИЯТҲО, НАВОВАРӢ ВА РУШДИ УСТУВОР».Таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Рим имкониятҳои содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд






