Дар доираи сафари Президенти Тоҷикистон ба Узбекистон Ёддошти тафоҳум миёни АМИТ «Ховар» ва АИ «Дунё» ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 03.06.2022 /НИАТ «Ховар»/. Дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон 2 июни соли равон дар Кохи президенти ин кишвар «Куксарой» дар Тошканд Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (АМИТ «Ховар») ва Агентии иттилоотии (АИ) «Дунё»-и Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон ба имзо расид.
Санади ҳамкориро Директори АМИТ «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ ва Директори АИ «Дунё» Садриддин Суяров имзо карданд. Ёддошти тафоҳум ба мақсади тавсеа бахшидани ҳамкории барои ҳарду ҷониб судманд, табодули ройгони иттилооти дақиқ ва қобили эътимод, инъикоси расму русуми ду халқи бародар ва тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Узбекистон таҳия ва тасвиб гардид.
Мутобиқи сади имзошуда агентиҳои иттилоотии ду кишвар роҷеъ ба рӯйдодҳои муҳими ҳаёти дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон ва Узбекистон ба забонҳои тоҷикӣ, узбекӣ ва руси ба ҳамдигар мавод пешниҳод намуда, ба хотири баланд бардоштани маҳорати касбии кормандон табодули таҷриба ва сафарҳои омӯзишӣ ба роҳ мемонанд.
Хотиррасон мешавем, ки дар доираи саммити сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон дар шаҳри Тошканд 15 санади байниҳукуматӣ ва байниидоравии нав оид ба ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки муҳимтарини онҳо Эъломия оид ба таҳкими дӯстии абадӣ ва ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон мебошад.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар маҷмуъ дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумули натиҷаҳои Форуми тиҷоратию иқтисодии ду кишвар, ки1 июнь дар Тошканд баргузор гардид, лоиҳаҳои сармоявию иқтисодӣ ба маблағи беш аз 1 миллиард доллари ИМА мавриди татбиқ қарор хоҳанд гирифт.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»











Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд






