Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон баҳри ҳавасмандкунии омӯзгорон тадбирҳои муассир андешида мешаванд
ДУШАНБЕ, 14.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. Минбаъд ҷиҳати ҳавасмандагардонӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (ДДОТ) ба муаллимоне, ки рисолаи номзадӣ ҳимоя мекунанд 10 ҳазор сомонӣ, барои ҳимояи рисолаи докторӣ 15 ҳазор сомонӣ ва ба роҳбарони илмиашон 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад. Дар ин бора дирӯз, зимни ҷаласаи васеи назди Ректори навтаъйини ДДОТ Аҳлиддин Ибодуллозода иттилоъ дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар ДДОТ хабар доданд, дар ҷаласаи васеи назди Ректори донишгоҳ ҳайати раёсат, деканон ва раисони Комиссияи аттестатсионии хатм, инчунин мудирони кафедраҳо иштирок намуданд.
Аҳлиддин Ибодуллозода иброз намуд, ки ин иқдом дар заминаи дастуру ҳидоятҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон амалӣ гашта, мақсади асосии он беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия, баланд бардоштани иқтидори илмӣ, беҳтар намудани шароити иҷтимоии омӯзгорон мебошад.
-Бо мақсади назорати ҷиддии низоми фаъолияти соҳаҳои таълиму илм дар факултетҳо бояд корро дар самти мазкур пурзӯр намоем, -афзуд номбурда.
Илова бар ин, ректори донишгоҳ бо таассуф аз фаъолияти илмиву таълимии донишгоҳ ёдовар шуд, аз ҷумла зикр намуд, ки дар соли 2022 шумораи умумии хатмкунандагон 3409 нафар буда, аз ин шумора танҳо 3 нафар донишҷӯ бо баҳои «аъло» таҳсил менамояд ва ин ҳолат воқеан нигароникунанда мебошад.
Ректори донишгоҳ ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта зикр намуд, ки минбаъд ҷиҳати ҳавасмандагардонӣ омӯзгороне, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявии аз тарафи Пешвои миллат роҳандозӣ шуда, ба ҷойҳои ифтихорӣ ноил мешаванд, 50 ҳазор сомонӣ ва ба донишҷӯён 20 ҳазор сомонӣ тақдим карда мешавад.
Акс: ДДОТ








Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид






