Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар мавзўи аҳамияти сулҳу ваҳдати миллӣ ҳамоиш доир карданд
ДУШАНБЕ, 20.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Барои таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ ва давлати соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, бояд ба ҷавонон сабабҳои сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, оқибатҳои ногувори он, аҳамияти сулҳу созиш ва ваҳдати миллӣ гаштаву баргашта фаҳмонда шавад, то дар зеҳни онҳо андешаи ваҳдати миллӣ ва садоқат ба ҳадафҳои умумимиллӣ амиқан ҷой гирад». Ин матлабро ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ 18 июн зимни баргузории ҳамоишӣ фарҳангӣ бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ баён намуд.
Тавре аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҳамоиш профессорону устодон ва донишҷӯёни донишкада иштирок намуданд.
Муҳриддин Низомӣ дар идома зикр кард, ки «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон барои дастовардҳои минбаъдаи мардуми кишвар дар самти плюрализм, мусолиҳаи миллӣ, гуногунандешӣ, ташаккули низоми бисёрандешӣ, ислоҳоти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, равандҳои демократӣ ва тақвияти институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаи мусоид фароҳам овард».
«Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи пирӯзиву хушбахтӣ ба мардуми тоҷик неруву тавонӣ нав бахшида, дар қалби ҳар як сокини кишвар шуълаи умедро ба фардои ободу осуда фурӯзон намуд. Ин рӯзи таърихӣ дар дилу шуури шаҳрвандони кишвар ҳисси эҳтиром ба Тоҷикистони азиз ва муқаддасоти Ватанро устувор гардонда, ба онҳо эътимод бахшид, ки миллати куҳанбунёди тоҷик метавонад танҳо бо ҳамин ғояи наҷотбахш ба ободкориву созандагӣ машғул шавад ва барои ояндагон як Ватани ободу зебо ва шукуфоӣ ба мерос гузорад», афзуд ў.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки Ваҳдати миллӣ на танҳо боиси амнияту суботи минтақа гардид, балки механизмҳои рушди давлатдории миллиамонро заминагузорӣ кард. Барои расидан ба ин рӯзи таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши асосӣ доранд. Он кас сокинони кишварро дар атрофи ғояҳои баланди сулҳу ваҳдат ҷамъ оварда, наҷоти давлат ва миллатро таъмин намуда, тамоми қувваю дониш ва иродаю имконияти хешро барои таъмини ваҳдати миллӣ, сулҳи саросарӣ, баргардондани муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан ва шурӯи музокирот бо мухолифин равона сохтанд. Ин иқдоми Сарвари давлат аз ҷиҳати методологӣ дорои аҳамияти ниҳоят бузург буд, зеро миллатро ба ғолибу мағлуб ҷудо накарданд ва савганд хӯрданд, ки то охирин фирории Тоҷикистонро ба Ватан барнагардонанд, ором нахоҳанд буд.
Сипас бо иштикори ҳаваскорони донишкада барномаи фарҳангӣ иборат аз шеъру тарона дар васфи ваҳдати миллӣ, истиқлол ва Тоҷикистон пешниҳоди иштирокдорон гардонида шуд.
АКС: Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон










Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд






