Дар Душанбе бахшида Рӯзи Ваҳдати миллӣ барномаҳои фарҳангию фароғатӣ баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 15.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 27 июн ба ифтихори ҷашни 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар майдони назди шаршараи «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе барномаи фарҳангию фароғатӣ баргузор мегардад.
Тавре аз шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, барномаи фарҳангӣ – фароғатӣ соати 18:00 бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Вазорати фарҳанги мамлакат доир шуда, дар он намоиши ҳунарҳои мардумӣ низ дар назар дошта шудааст.
Инчунин дар ин рӯз дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе чорабиниҳои фарҳангӣ – фароғатӣ гузаронида мешаванд.
Сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоолим Саидов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки бахшида ба ин санаи таърихӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат барномаҳои фарҳангӣ доир мегарданд. Инчунин дар театрҳои шаҳри Душанбе намоишҳои ҷолибу диданӣ ва барномаҳои фарҳангӣ низ пешниҳоди сокинон гардонида мешавад.
Хотиррасон мекунем, ки 27 июни соли 1997 ба таърих ҳамчун замони нави ташаккули давлатдории Тоҷикистон ворид гаштааст. Дар ин рӯз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ, оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик ба шумор меравад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид






