Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 18.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев» -и пойтахт ҷамъбасти Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, КИМ Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳо, ниҳодҳои корпуси дипломатӣ, чеварону ҳунармандон ва фаъолон аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода зикр кард , ки «ҳар қавму миллат ба ҷуз муқаддасоти миллӣ, арзишҳои фарҳангие низ доранд, ки тавассути он ба ҷаҳониён муаррифӣ мешаванд. Тоҷикон аз замонҳои дуртарини таърих ба эҷоди арзишҳои олии фарҳангӣ муваффақ шуда, аз ин рӯ ба унвони “миллати тамаддунофар” шуҳрат пайдо кардаанд.
Зикр шуд, ки баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан», ки бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оила дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷараён гирифт, яке аз тадбирҳое ҳисобида мешавад, ки ба хотири эҳёи суннатҳои миллии тоҷикӣ сурат мегирад.
Гуфта шуд, ки чакан гулдӯзии одӣ набуда, пайдоиши он ба ҳазораи дуюми пеш аз милод рост меояд. Оид ба кашидадӯзӣ дар китобҳои “Авасто”, “Шоҳнома” ва осори бисёре аз адибони гузашта маълумот дарёфт кардан мумкин аст. Ҳар нақшу нигори болои чакан ба худ маъние дорад ва розҳои модарони тоҷикро дар худ инъикос мекунад.
Ҳилолбӣ Қурбонзода тазаккур дод, ки “Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташвиқу тарғиби анъанаҳои неки ниёгон, муаррифии фарҳангу ҳунари волои халқи тоҷик фестивалу озмунҳои ҷумҳуриявӣ, конфронсу симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ амалӣ менамояд, ки дар доираи онҳо тарроҳону ҳунармандон, чакандӯзону наққошон ва аҳли илму фарҳанг маҳсули эҷоди хешро ба маърази намоиш мегузоранд”.
Мавриди зикр аст, ки баргузории Фестивали «Сад ранги чакан (чакандӯзӣ) яке аз тадбирҳои асили гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ буда, аз рӯи 3 давр:муайян намудани беҳтарин чакандуз, сузанидуз, тарроҳ дар сатҳи маҳаллаҳо, деҳа ва шаҳраку ҷамоатҳо, даври дуюм дар сатҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва даври сеюм дар сатҳи ҷумҳурӣ баргузор гардид.


Мақсади баргузории фестивал ба баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори ватандорӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳангу адабиёт, расму ойинҳои миллию мардумӣ ва ба ин васила, муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ равона гардидааст.
Баргузории фестивал имкон медиҳад, ки паҳлӯҳои то ҳануз ба ҳамагон норавшани анъанаҳои миллӣ, ҳунари волои чакандӯзии ин ё он маҳал, санъати асили гулдӯзӣ, сузанидӯзӣ, тоқидӯзӣ ва навъҳои гуногуни нақшу нигори миллӣ дубора эҳё гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд.

Ёдовар мешавем, ки бо иқдомоти наҷиби дурбинонаву ояндасози Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани мақому манзалати нақшу нигор, сӯзанидӯзиву гулдӯзии матоъҳои миллӣ, намоиш додани ҳунари волои тарроҳону ҳунармандон дар 13-умин ҷаласаи Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Порт-Луиси Ҷумҳурии Маврикий номинаи «Чакан, ҳунари гулдӯзӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ин Созмон ба Мероси фарҳанги ғайримоддии башарият расман ворид гардид, ки мояи ифтихори мардуми сарбаланду фарҳангсолори тоҷик мебошад.


Дар фарҷоми намоиш фаъолону ҳунармандон ва тарроҳон бо Диплому сипоснома ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС аз АМИТ «Ховар»























Дар Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон— Ватани азизи ман» оғоз шуд
Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон ифтитоҳ гардиданд
Дар Душанбе Фестивали фарҳангии Тоҷикистону Корея-2026 баргузор мешавад
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия баргузор мешаванд
Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қирғизистон ҳамоиши илмӣ — адабӣ баргузор гардид
Дар маҳфили Фирдавсӣ дар Теҳрон аз сиёсати фарҳангии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд
Зафаршо Иброҳимзода: «Осорхонаҳо оинаи кишваркушои таърих, фарҳанг ва тамаддуни ҳар халқу миллат мебошанд»
«КӮДАКОНУ НАВРАСОН — ОЯНДАИ МИЛЛАТ». Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ Озмуни ҷумҳуриявии филмноманависон доир мегардад
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад
Доир ба рушди соҳаи телевизион ва радио байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Қирғизистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор мешаванд
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қирғизистон баргузор мегарданд






