Дар Душанбе Лоиҳаи «Ҳифзи кӯдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта дар Ҷанубу Шарқ ва Ҷануби Осиё, инчунин Осиёи Марказӣ» баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 15.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе натиҷаҳои татбиқи Лоиҳаи «Ҳифзи кӯдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта дар Ҷанубу Шарқ ва Ҷануби Осиё, инчунин Осиёи марказӣ» доир гардид.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар кори он муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Маҳмадуллозода, сардори Раёсати ҳамкории намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Марк Бучманн, мудири бахши ҳифзи муҳити Хазинаи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Руслана Сирман, намояндагони вазорату идораҳо ва дигар коршиносони соҳа иштирок намуданд.
Гуфта шуд, ки Лоиҳаи мазкур аз декабри соли 2017 то декабри соли 2022 идома ёфта, мабалағгузори он Хазинаи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мебошад.
Лоиҳа мазкур дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Б.Ғафуров, Бӯстон, Деваштич, Душанбе, Дӯстӣ, Фархор, Ҳамадонӣ, Ҳисор, Исфара, Истаравшан, Ҷайҳун, Конибодом, Хоруғ, Кӯлоб, Кӯшониён, Левакант, Муъминобод, Н. Хисрав, Панҷ, Панҷакент, Қубодиён, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Шаҳритус, Спитамен, Турсунзода, Ваҳдат, Варзоб, Восеъ ва Зафаробод татбиқ шуда, то имрӯз тавассути он 10 500 нафар кӯдакони оилаҳои муҳоҷирон бо шаҳодатномаи таваллуд ва 536 нафар чунин кӯдакон бо шиноснома таъмин шудаанд. Ба 6357 нафар кӯдакони чунин оилаҳо барои гирифтани машварати ҳуқуқӣ кӯмаки молиявӣ ва ба 614 нафар кӯдакон хидматрасонии омодасозии парвандаҳо расонида шуд. Ҳамзамон ба 3000 чунин оилаҳо дар давраи авҷи бемории Ковид-19 кумаки якдафъаинаи пулӣ гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи ин Лоиҳа барои тақвияти иқтидори 6 шуъбаи кумаки иҷтимоӣ ва хонаҳои пиронсолон ва марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ёрӣ расонида шуда, 586 нафар масъулини сохторҳои маҳаллӣ оид ба омодасозии парвандаҳоба омӯзиш ҷалб гардиданд.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






