Дар Душанбе миёни донишҷӯён барои дарёфти роҳхат ба Ҷумҳурии Корея викторина баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 15.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. 17 июн дар толори Кинотетри «Ватан» -и шаҳри Душанбе барои донишҷўёни муасисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон викторина таҳти унвони «Кюзон Коре- 2022» баргузор мегардад. Дар викторина ба донишҷўён суолҳо дар мавриди таърихи Корея ва забони куриёӣ пешниҳод карда мешавад. Ғолибон озмун соҳиби роҳхат барои сайёҳат ба Ҷумҳурии Корея мегарданд. Созмондиҳандагони ин барномаи омӯзишӣ Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Маркази маорифи Корея дар шаҳри Душанбе мебошанд.
Тавре аз Вазорати маориф ва илми мамлкат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо Ҷумҳурии Корея дар соҳаи маориф ва илм дар асоси Созишномаи ҳамкорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва илмию техникӣ аз 12 апрели соли 2015 ва ҷаласаҳои Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Корея, ки ҳамасола баргузор мегарданд, ба роҳ мондааст.
Омӯзиши забони кореягӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон аз соли 2004 оғоз гардида, то имрӯз зиёда аз 200 нафар донишҷӯ ихтисоси забони кореягиро хатм намудаанд.
Дар 3 муассисаи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон — Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Донишгоҳи славянии Русия-Тоҷикистон забони кореягӣ таълим дода шуда, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Корея санадҳои гуногуни ҳамкорӣ ба имзо расонидаанд.
Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино ва Донишгоҳи тиббии Тегу Ҳании Ҷумҳурии Корея як намунаи ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таълимии ҳарду кишвар мебошад.
Ёдовар мешавем, ки 26 майи соли равон вохӯрии Вазири маориф ва илми мамлакат Раҳим Саидзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донг Сок доир гардид. Дар мулоқоти мазкур иттилоъ дода шуд, ки Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея омода аст, ки дар доираи ҳамкории судманд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти омодасозии мутахассисони техникӣ, хусусан соҳаи лифтсозӣ донишгоҳи муштарак таъсис диҳад. Ҷонибҳо вобаста ба созишномаи имзошуда миёни Коллеҷи лифти Корея ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ёдовар шуда, изҳори умедворӣ намуданд, ки иқдоми мазкур ба омода намудани мутахассисони соҳаи лифтсозӣ дар Тоҷикистон мусоидат менамояд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва манбаи боз








Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва MERI Centre for International Studies Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
МАОРИФ — САРМОЯИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба талаботи асри технология мутобиқ гардидааст
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Вестминстер Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд
Оид ба дастовардҳои илмии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш доир шуд
«Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030» баррасӣ гардид
Панҷ нуктаи омӯзанда аз Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо паёми Президенти Тоҷикистон
Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон синфхонаи замонавӣ барои донишҷӯён ба истифода дода шуд
Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ бо имконоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид






