Дар Душанбе таҳти унвони «Логистика ва афзалияти он дар рушди робитаҳои нақлиётии Тоҷикистон» конфронс баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 21.06.2022/АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми моҳи октябри соли равон дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Логистика ва афзалияти он дар рушди робитаҳои нақлиётии Тоҷикистон бо давлатҳои минтақа» конфронс доир мегардад, ки Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созмондиҳандагони он мебошад.
Ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки конфронс бо мақсади мубодилаи иттилоотии илмӣ-амалӣ, пайдо намудани роҳҳои пешрафти техника ва технологияи муосир дар соҳаи нақлиёт, рушди ҳамкориҳо дар татбиқи барномаҳои муштараки илмӣ ва инноватсионӣ, роҳандозии таҷрибаи ҷумҳуриявӣ дар самти пешбурди логистика ва боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани робитаҳои байналмилалӣ гузаронида мешавад.
Интизор меравад, ки иштирокдорони конфронс масъалаҳои марбут ба танзими давлатии фаъолияти логистикӣ, дастовардҳои илмӣ-амалии фаъолияти логистикӣ, бозомӯзӣ ва омода намудани мутахассисон вобаста ба самтҳои логистика, рақамикунонии инфрасохторҳои логистикӣ, мушкилоти ташаккул ва рушди логистика, таҷрибаи рушди ширкатҳои нақлиётиву логистикӣ ва марказҳои нақлиётӣ-логистикиро баррасӣ намоянд.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Нақшаи рушди низоми энергетикии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муаррифӣ гардид
Хоҷагидорони ноҳияи Вахш аз як замин чанд ҳосил ба даст меоранд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРӢ. 37 нуқтаи назорати давлатии бехатарии озуқаворӣ дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Тоҷикистон фаъолият доранд
Дар Агентии обуҳавошиносӣ риояи Чаҳорчӯбаи васеъшудаи шаффофият дар доираи Созишномаи Парижро баррасӣ карданд
Масъалаи таъсиси корхонаи коркарди пашм ва бунёди боғи пистаи туркӣ дар вилояти Хатлон баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти бехатарии озуқаворӣ ҳамоиш баргузор шуд
Байни Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкатҳои «Канзи Диёр», «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» созишномаҳои сармоягузорӣ ба имзо расид
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Рашт оид ба истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласаи гурӯҳи корӣ баргузор шуд
Масъалаи таъсиси парки муштараки саноатии Тоҷикистону Эрон баррасӣ карда шуд
Сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони мақомоти алоқаи кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Беларус ҳамкории зиддикоррупсиониро тақвият мебахшанд
Дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва иқлим дар «Eco Expo Central Asia 2026» муаррифӣ гардид






