Дар Душанбе таҳти унвони «Логистика ва афзалияти он дар рушди робитаҳои нақлиётии Тоҷикистон» конфронс баргузор мешавад

Июнь 21, 2022 11:28

ДУШАНБЕ, 21.06.2022/АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми моҳи октябри соли равон дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Логистика ва афзалияти он дар рушди робитаҳои нақлиётии Тоҷикистон бо давлатҳои минтақа» конфронс доир мегардад, ки Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созмондиҳандагони он мебошад.

Ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки конфронс  бо мақсади мубодилаи иттилоотии илмӣ-амалӣ, пайдо намудани роҳҳои пешрафти техника ва технологияи муосир дар соҳаи нақлиёт, рушди ҳамкориҳо дар татбиқи барномаҳои муштараки илмӣ ва инноватсионӣ, роҳандозии таҷрибаи ҷумҳуриявӣ дар самти пешбурди логистика ва боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани робитаҳои байналмилалӣ гузаронида мешавад.

Интизор меравад, ки иштирокдорони  конфронс масъалаҳои марбут ба танзими давлатии фаъолияти логистикӣ, дастовардҳои илмӣ-амалии фаъолияти логистикӣ, бозомӯзӣ ва омода намудани мутахассисон вобаста ба самтҳои логистика, рақамикунонии инфрасохторҳои логистикӣ, мушкилоти ташаккул ва рушди логистика, таҷрибаи рушди ширкатҳои нақлиётиву логистикӣ ва марказҳои нақлиётӣ-логистикиро баррасӣ намоянд.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 21, 2022 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд