Дар Душанбе тақвияти иқтидори соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон баррасӣ гардид

Июнь 29, 2022 08:21

ДУШАНБЕ, 29.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Татбиқи лоиҳаи «Мусоидат ба рушди деҳот ва тақвияти иқтидори соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон» дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо ҳайати Фонди хазинаи амонатҳо оид ба ҳамкории байналмилалии Олмон, роҳбари минтақавии лоиҳа Михаил Бек, ҳамоҳангсози минтақавӣ Аня Хойер ва намояндаи Фонд дар Тоҷикистон Инна Мазур дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳадафи асосии лоиҳа беҳтар кардани дастрасии молиявӣ ба аҳолии деҳот, соҳибкории хурду миёна ба хизматрасониҳои молиявӣ тавассути баланд бардоштани саводнокии молиявӣ ва маърифати соҳибкорӣ мебошад.

Ҳоким Холиқзода аз сатҳи ҳамкорӣ ва фаъолияти пурсамари Фонди хазинаи амонатҳо оид ба ҳамкории байналмилалии Олмон дар Тоҷикистон, ки аз соли 2014 инҷониб дар самти такмили ихтисоси кормандони бонкҳои тиҷоратӣ, баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ ва мусоидат дар беҳтар кардани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ корҳои зиёдеро анҷом додааст, изҳори қаноатмандӣ намуд.

Мусоҳибон таҳкими ҳамкориро дар самти барои низоми бонкӣ муҳим — беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон баррасӣ намуда, барои густариши муносибот дар самти баланд бардоштани тахассуси кормандони соҳаи низоми бонкӣ тавассути табодули таҷриба бо мутахассисони соҳаи бонкии Олмон ва ба ин васила мусоидат дар баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Июнь 29, 2022 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст