Дар Фархор Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро бошукӯҳ таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 01.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар ноҳияи Фархор барномаи идона баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти раиси ноҳия хабар доданд.
Дар даромадгоҳи базмгоҳ меҳмонон аз намоиши дастоварду ихтирои кӯдакону наврасон дидан намуда, ба маҳорату истеъдоди онҳо баҳои баланд доданд.
Муовини раиси ноҳияи Фархор Дилбар Раҳматуллозода иброз дошт, ки “дар партави сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат ба тарбияи кӯдак, ташаккули тарзи ҳаёти солими насли наврас ва таълиму тарбияи онҳо диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ҳамасола 1 июн дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад, ки Тоҷикистон низ аз шумораи чунин мамлакатҳост”.
Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар миллат, сарвати бебаҳои ҳар оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар падару модар мебошанд.
Дар идомаи барнома маҳфили омоданамудаи хонандагони мактаби бачагонаи санъат ва тарбиятгирандагони боғчаҳои ноҳия бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.
АКС: маркази матбуоти раиси ноҳияи Фархор










ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






