Дар Хуҷанд бахшида ба Рўзи Ваҳдати миллӣ бо наваскарон мулоқот доир гардид

Июнь 20, 2022 11:56

ДУШАНБЕ, 20.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. «Тоҷикистон кишвари ваҳдатофару ваҳдатсаро» — таҳти чунин шиор ба муносибати 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳайати таблиғотии шӯрои шаҳрӣ ва вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати милли ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба қисми низомии комендатураи ҳарбии вилояти Суғд,  воқеъ дар маҳаллаи «Сайҳун»-и шаҳри Хуҷанд рафта, бо сарбозон оид ба аҳамияти ваҳдат ва пойдории сулҳу субот суҳбат оростанд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд.

Ҳайати гурӯҳи корӣ бо вазъи хизмат ва шароити зисти  наваскарон аз наздик шинос шуда, аз имконияти фароҳам овардашуда  қаноатманд гардиданд. Онҳо дар паси мизи аскарӣ нишаста,  хўроки эшонро низ чашида, бо онҳо мулоқоти хотирмон доир карданд.

Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирўза Нуруллозода зимни мулоқот гуфт, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, беҳтар гардонидани шароити моддӣ-техникӣ ва боз ҳам хубтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ  зоҳир менамояд.

-Ҳамасола дар тамоми гарнизонҳои ҷумҳурӣ  дар ҳамоҳангӣ бо масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ё худ захираҳои сафарбарӣ ва сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пайваста ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулияти омодагии сафарбарӣ, маҷмўи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ ва дигар чорабиниҳои муҳими низомӣ ташкилу ба роҳ монда мешаванд, ки ин ҳама албатта, дар самти тақвият бахшидани омодабошии ҷангии Артиши миллӣ ва баҳри ҳимояи марзу буми аҷдодӣ таъсири хуб мерасонанд, -афзуд Фирўза Нуруллозода.

Зикр гардид, ки мардуми Тоҷикистон  бо афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, яъне фарзандони содиқу вафодори худ ифтихор мекунанд ва эътимоди комил доранд, ки хизматчиёни ҳарбӣ  дар оянда низ аз уҳдаи ҳимояи Ватан, давлат ва зиндагии осудаи сокинони кишвар бо сарбаландӣ мебароянд.

АКС: Маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Июнь 20, 2022 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд
Сокини ноҳияи Ҷайҳун: «Усули кишти зери плёнка дар баробари сифати маҳсулот ҳосилнокиро низ зиёд мекунад»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад