Дар Истанбул 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 06.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. 4 июн дар бинои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул бо иштироки ҳамватанони бурунмарзии муқими шаҳри Истанбул бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ҳамоиш баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» Манижаи МАҚСУД.
Дар ҷараёни чорабинӣ Консули генералӣ М. Саидзода оид ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олӣ, ки барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар, эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшида, заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард, сухан ронд.
Ӯ иброз дошт, ки маҳз ба туфайли қарорҳои қабулнамудаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, бунёди низоми нави давлатдории тоҷикон, заминаҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ гузошта шуданд.
Таъкид гардид, ки ризоияти миллӣ, сулҳу ваҳдат ва ягонагие, ки имрӯзҳо мардуми тоҷик дорад, бо шарофати Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ муяссар гардидааст.
Дар давоми суханронӣ М. Саидзода нақши таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Президенти сулҳовар ва асосгузори истиқлолияти тоҷикон, бунёдгузори ислоҳотҳои амиқи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, инчунин дигаргуниҳои созанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд.
Дар идомаи чорабинӣ навори видеоӣ бахшида Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ намоиш дода шуда, ба таваҷҷуҳи ҳозирин аксҳои бойгонӣ аз баргузории Иҷлосияи таърихӣ ва китобҳои Президенти кишвар пешниҳод гардиданд.
АКС: Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул










Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд






