Дар Истанбул татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Туркия дар Тоҷикистон баррасӣ гардид

Июнь 16, 2022 08:18

ДУШАНБЕ, 16.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 июн вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул  Мурод Саидзода бо Раиси Палатаи савдои Истанбул Шекиб Авдагич баргузор гардид. Дар ин бора  хабанигори  АМИТ «Ховар» Манижа МАҚСУД бо истинод ба Консулгарии генералии ҶТ дар шаҳри Истанбул иттилоъ медиҳад.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба роҳҳои таҳкими равобит ва танзими чорабиниҳои муштараки соҳавӣ миёни доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Туркия табодули афкор намуданд.

Дар ин росто, ҷонибҳо ҷалби сармоягузорони Туркия ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва афзоиш додани ҳаҷми табодули тиҷоратӣ байни ду кишварро муҳим арзёбӣ намуданд.

АКС: Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул бо Раиси Палатаи савдои Истанбул Шекиб Авдагич. Акс аз муаллиф

Июнь 16, 2022 08:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд