Дар Кӯлоб даври вилоятии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 13.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. 11 июн дар назди Қасри фарҳанги ба номи Рустам Абдураҳими шаҳри Кӯлоб ҷамъомади идона бахшида ба ташрифи «Корвони Модарони ваҳдатсаро» ва ҷамъбасти даври вилоятии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
Меҳмонон нахуст аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили гудӯзию чакандӯзӣ, заргарӣ, наққошӣ ва дигар маҳсули дастии ҳунармандони шаҳру деҳот ва ташкилоту муассисаҳои касбӣ – техникии шаҳри Кӯлоб дидан намуданд. Дар намоишгоҳ намунаҳои сершумори ин санъати бостонии тоҷикон, аз ҷумла дӯхти либосҳои гуногуни мардумии чакан, ҳамчунин лавозимоти рӯзгор- сӯзанӣ, болишт, зардеворӣ, гаҳворапӯш ба тамошо гузошта шуданд.
Сипас дар толори Қасри фарҳанг барномаи идона оғоз гардид, ки нахуст Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода меҳмононро хайрамақдам гуфт.
— Чакан навъе аз ҳунарҳои мардумии дорои таърихи ниҳоят куҳан буда, баргузор намудани Фестивали «Сад ранги чакан» муҳаббати мардумро нисбат ба либосҳои миллӣ зиёдтар менамояд. Чакан, пеш аз ҳама, рамзи баҳор буда, гулдухтарони тоҷик онро дар ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, чорабиниҳои фарҳангии давлатӣ, истиқболи меҳмонони олиқадр, тӯю маъракаҳои хонаводагӣ ба бар менамоянд, — гуфт Бахтиёр Назарзода.
Муовини Раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ зикр намуд, ки «Баргузории Фестивали «Сад ранги чакан» яке аз тадбирҳои асили гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ буда, ҳадафи он баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори ватандорӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳангу адабиёт, расму оинҳои миллию мардумии халқи тоҷик мебошад. Дар доираи онҳо тарроҳону ҳунармандон, чакандӯзону наққошон ва аҳли илму фарҳанг маҳсули эҷоди хешро ба тамошо мегузоранд ва ба ин васила ба ҳунари бонувон арҷ гузошта мешавад».


— Бо ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санъати чакандӯзӣ бо тамоми назокаташ бори дигар эҳё гардида, дар ҷаҳон шуҳрат пайдо намудааст. Чакан гулдӯзии одӣ набуда, пайдоиши он ба ҳазораи дуюми пеш аз милод рост меояд. Оид ба кашидадӯзӣ дар китобҳои “Авасто”, “Шоҳнома” ва осори бисёре аз адибони гузашта маълумот дарёфт кардан мумкин аст. Ҳар нақшу нигори болои чакан ба худ маъние дорад ва розҳои модарони тоҷикро дар худ инъикос месозад, — афзуд Фирӯза Шарифӣ.
Фирӯза Шарифӣ инчунин доир ба рӯзи Ваҳдати миллӣ ва саҳми Пешвои миллат барои расидан ба сулҳи деринтизори халқи тоҷик ибрози андеша намуд.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода ва дигар занони фаъолу собиқадори меҳнат низ ҳозиринро ба ин рӯзи фархунда табрик гуфта, дар бораи сулҳу субот, ҳадафи баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаю инсондӯстонаи Пешвои миллат ибрози ақида намуданд.
— Дар ҷаласаи 13-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Порт-Луиси Ҷумҳурии Маврикий чакан ва ҳунари гулдӯзии точикон бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ин Созмон ба Рӯйхати мероси фарҳанги ғайримоддии башарият расман ворид гардид, ки ин рӯйдод, албатта, муҷиби ифтихори мардуми сарбаланду фарҳангсолори тоҷик мебошад, — илова кард Ҳилолбӣ Қурбонзода
Дар қисмати дуюми чорабинӣ гулдастаи савту суруд аз тарафи санъаткорони бахши фарҳанги шаҳри Кӯлоб ва сарояндагони машҳури ҷумҳурӣ ба пешниҳоди иштирокдорон гардид.
Дар анҷоми чорабинӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб занони фаъоли минтақаҳои Тоҷикистон ва ғолибони даври вилоятии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» бо туҳфаҳои хотиравӣ ва “Ифтихорнома”, «Cипосномаҳо” қадрдонӣ карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли 2018 дар ҷаласаи 13 –уми Кумитаи байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ, ки дар Ҷумҳурии Маврикий баргузор шуд, номинаи «Санъати гулдӯзии чакан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» расман дар феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО сабт гардид. Дар ҷаласаи мазкур беш аз 800 нафар намоянда аз 120 давлати дунё иштирок доштанд, ки аксарияти онҳо номинаи пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намуданд.
«Чакан як навъи гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст, ки бештар дар байни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст. Дар вилояти Хатлони Тоҷикистон чакан як ҷузъи муҳими либоси арӯсу домод ба шумор меравад. Дар инҷо домодҳо тоқии худро бо гулдӯзиҳои чакан оро медиҳанд ва занону духтарон дар рӯзҳои тӯй ва иду маросим куртаву поҷомаи чакан ба тан мекунанд. Санъати чакан аз насл ба насл бо шеваи устод-шогирд ба мерос мондааст», — чунин муаррифӣ карда шудааст чакан дар сомонаи ЮНЕСКО.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб









Дар Рӯзи фарҳанги шаҳри Истаравшан ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳоди сокинони пойтахт гардид
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Дӯстӣ ва Носири Хусрав баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Филм дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон намоиш дода мешавад
Таҳти унвони «Аз ёдҳо фарёдҳо» китоби Садриддин Ҳасанзода нашр гардид
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Истаравшан ва ноҳияҳои Дӯстӣ ва Носири Хусрав баргузор мешаванд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ шукуҳманд таҷлил карда шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Фархор бо шаҳомати хос баргузор гардид
Рӯзи фарҳанги шаҳри Нораку ноҳияи Ёвон бо намоиши молу маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ доир шуд
Имрӯз дар Душанбе Рӯзи фарҳанги шаҳри Норак, ноҳияҳои Фархор, Ёвон ва Мастчоҳ доир мегардад
Пагоҳ Рӯзи фарҳанги шаҳри Норак, ноҳияҳои Фархор, Ёвон ва Мастчоҳ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Тоҷикфилм» истеҳсоли се филми пурраметражи ҳунариро ба анҷом расонид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кумитаи забон ва истилоҳот фаъолияти 75 ташкилотро мавриди санҷиш қарор дод






