Дар маҷаллаи Австриягии «Society Magazine» силсиламақолаҳо дар бораи Тоҷикистон нашр шуданд
ДУШАНБЕ, 19.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шумораи навбатии маҷаллаи «Society Magazine» (Австрия), ки 10 июни соли 2022 интишор гардид, силсиламақолаҳо дар бораи Тоҷикистон, аз ҷумла маълумоти мухтасар оид ба таърих, фарҳанг, имкониятҳои сайёҳӣ ва хӯрокҳои миллӣ бо намоиши аксҳои табиати ғании кишвар нашр шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ин шумора мусоҳибаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар масъалаҳои мубрами сиёсати хориҷии кишвар, нақши кишвар дар минтақа ва ҷаҳон, инчунин ташаббусҳои байналмилалии роҳбарияти олии Тоҷикистон чоп шудааст.
Илова ба ин, мусоҳибаи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Идибек Қаландар оид ба робитаҳои дуҷониба ва инчунин мақолаҳо дар бораи равобити бародаршаҳрӣ миёни Душанбе ва Клагенфурт ва имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон низ нашр шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки 21 март бо даъвати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳайати шаҳри Клагенфурти Ҷумҳурии Австрия таҳти сарварии муовини Раиси шаҳри Клагенфурт, сарпарасти бахши робитаҳои хориҷӣ Адоис Долинар бо мақсади иштирок дар Форуми 3-юми байналмилалии «Наврӯзи Душанбе-меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.


Ба ҳайати меҳмонони австриягӣ ҳамчунин роҳбари Намоишгоҳҳои вилояти федералии Каринтияи Чумҳурии Австрия Бернҳард Ерлер ва роҳбари Хадамоти ташрифотии шаҳрдории Клагенфурт Ева Янитса шомил буданд.
Дар ҳошияи сафар 22 март дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мулоқоти муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода бо ҳайати шаҳрдории Клагенфурт таҳти сарварии муовини Раиси шаҳри Клагенфурт Адоис Долинар доир гардид.
Дар ҷараёни музокирот масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурномаи робитаҳои ҳамкории бародаршаҳрҳо — Душанбе ва Клагенфурт дар чаҳорчӯбаи санадҳои мавҷудаи ҳамкорӣ мавриди гуфтугӯ қарор дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки муносибатҳои Тоҷикистону Австрия таърихи тӯлонӣ дошта, имсол ҷонибҳо 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрияро ҷашн мегиранд. Ширкатҳои хусусии австриягӣ дар татбиқ ва азнавсозии як қатор лоиҳаҳои азими энергетикӣ ва коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан дар шаҳри Душанбе фаъолона иштирок менамоянд.
Дар рушду таҳкими муносибатҳои миёни ду кишвар саҳми шаҳрҳои Душанбе ва Клагенфурт, ки шурӯъ аз соли 1972 робитаҳои бародаршаҳриро ба роҳ мондаанд ва имсол ба ин рӯйдоди таърихӣ 50 сол пур мешавад, басо назаррас ва арзанда маънидод мегардад.
Сафари ҳайати шаҳрдории Клагенфурт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 марти соли 2022 ба анҷом расид.
Акс: ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон дар Русия бо Дабири кулли Созмони байналмилалии забони русӣ мулоқот намуд
Ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон барои таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда аҳамияти ҳуқуқӣ ва сиёсии хос дорад
Густариши ҳамкории Тоҷикистону Бангладеш дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуд
Натиҷаҳои Конфронси чоруми оби Душанбе дар ҷаласаи ЭСКАТО муаррифӣ гардиданд
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Швейтсария Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил карда шуд
Тоҷикистон ва Қатар бахшида ба Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ дар Женева чорабинӣ баргузор намуданд
Дар Вашингтон бо иштироки соҳибкорони Тоҷикистон ва ИМА мизи мудаввар баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон ба Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт нусхаи эътимоднома супорид
Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ва иқлим дар Бангкок муаррифӣ шуданд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ИМА дар бахшҳои сиёсӣ ва илмӣ баррасӣ шуд
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ шуд
Байни Тоҷикистон ва Амрико машваратҳои сиёсӣ баргузор шуданд






