Дар Миср масъалаи густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд баррасӣ гардид

Июнь 7, 2022 11:16

ДУШАНБЕ, 07.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд (БИР), рафти амалишавии лоиҳаҳо ва ҷалби маблағҳои имтиёзнок вобаста ба таъсири омилҳои берунӣ ва нақшаи зиддибуҳронии Ҳукумати ҷумҳурӣ зимни вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии Гурӯҳи БИР аз Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Президенти Гурӯҳи БИР доктор Муҳаммад ал Ҷассер дар шаҳри Шарм-эл-Шейхи Ҷумҳурии Арабии Миср баррасӣ гардиданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар рафти вохӯрӣ З. Завқизода зикр намуд, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкорӣ бо шарикони рушд, ба хусус бо Гурӯҳи БИР барои таъмини рушди иқтисоди миллӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурӯҳи БИР, рафти амалишавии лоиҳаҳои он, ҷалби маблағҳои имтиёзнок вобаста ба таъсири омилҳои берунӣ ва нақшаи зиддибуҳронии ҳукумати ҷумҳурӣ, лоиҳаҳои нави афзалиятнок дар асоси ҳадафҳои рушди кишвар, афзоиши сармояи умумии Бонк ва дурнамои ҳамкории миёнамуҳлатро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар робита ба ин З. Завқизода аз Президенти Гурӯҳи БИР дархост намуд, ки маблағгузориҳо ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ вобаста ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, инчунин ноил гардидан ба ҳадафу афзалиятҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ, рушди иқтисоди сабз, бахусус сохтмони иқтидорҳои нави энергетикӣ, иқтисоди рақамӣ, саноатикунонӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва тақвияти иқтидори содиротӣ зиёд карда шаванд.

Дар навбати худ Президенти Гурӯҳи БИР омодагии худро барои зиёд намудани маблағгузории лоиҳаҳо дар самтҳои қайдгардида, инчунин тақвияти ҳамкориҳои минбаъда баён намуд.

Илова бар ин аз Президенти Гурӯҳи БИР даъват ба амал оварда шуд, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварад.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Июнь 7, 2022 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид