Дар намоишгоҳи «Уфуқҳо» дар Олмон санъат ва фарҳанги Тоҷикистон муаррифӣ мешавад

Июнь 3, 2022 10:13

ДУШАНБЕ, 03.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 1 июн дар Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон маросими ифтитоҳи намоишгоҳ таҳти  унвони «Уфуқҳо» бахшида ба 30- солагии истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Олмон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он санъат ва фарҳанги Тоҷикистон низ муаррифӣ мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

«Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ бо аксҳо ва маълумоти муфассал дар бораи таърихи ҳамкории судманди дуҷониба бо Олмон, ҳамчунин татбиқи лоиҳаҳои мухталифи муштарак дар минтақаҳои кишвар дар соҳаҳои ҳифзи муҳити зист, неруи сабз, санъат ва фарҳанг муаррифӣ шудааст», — иттилоъ доданд дар ВКХ.

Ваколатдори Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон оид ба сиёсати фарҳангӣ хонум Ирмгард Мариа Феллнер ва ваколатдори Вазорати федеролии корҳои хориҷӣ доир ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Маттиас Люттенберг ба намоиши фарҳангӣ ҳусни оғоз бахшиданд.

Дипломатҳои олмонӣ зимни суханронӣ дар бораи аҳамияти рушди робитаҳои  байнифарҳангӣ ҳамчун омили ба ҳам наздик кардани миллатҳо ва тақвияти беш аз пеши ҳамкорӣ дар ин самт таъкид доштанд.

Намоишгоҳ аз 1 июн то 5 августи соли 2022 идома меёбад.

Акс: ВКХ ҶТ

Июнь 3, 2022 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Сироҷиддин Муҳриддин бо Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Марко Рубио мулоқот намуд
Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин ба Тоҷикистон ташриф овард
Ҳайатҳои иштирокчии ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф меоранд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Сарвазири Шурои давлатии Чин барои ҳамкории босифат бо Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» изҳори омодагӣ намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Раиси иҷлосияи 81-уми Маҷмаи Умумии СММ мулоқот намуд
Муовини якуми Президенти Эрон Муҳаммадризо Ориф бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо раиси Бунёди фарҳангии Ал-Бобтайн вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Шурои давлатии Чин Ли Сян баргузор гардид
Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбаргузор гузошт
Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд