Дар ноҳияи Ҳамадонӣ ҷамъоварии ғалла ва кишти такрорӣ бо суръат идома доранд
ҲАМАДОНӢ, 06.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар хоҷагиҳои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ кишоварзон ҷамъоварии ғаладонагиро бо суръат идома дода, даҳҳо адад комбайнҳои ғалладарав 100 гектар майдони ғаллазорро дарав мекунанд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур.
Тавре cардори идораи кишоварзии ноҳия Тоҳир Рафиев иттилоъ дод, кишоварзони Ҷамоати деҳоти ба номи Саидқул Турдиев яке аз аввалинҳо шуда дарави ғалларо оғоз намуданд ва то имрӯз қисми зиёди заминҳоро дарав карда, аз ҳар як гектар 45 то 50 сентнери ғалла ба даст оварда истодаанд.
Ғаллакорони хоҷагиҳои деҳоти Турдиев бо интихоби тухмиҳои навъҳои серҳосил сол то сол ҳосили хуби маҳсулот ба даст меоранд. Раиси ҷамоати ба номи С.Турдиев Набихон Набиев изҳор дошт, ки дар ҷамоати деҳоти мазкур кишоварзон аз дастрасии оби эригатсионӣ танқисӣ намекашанд ва мақсад доранд, ки дар майдони 378 гектар кишти такрорӣ гузаронанд.
«Ҳоло дар ҳама хоҷагиҳо дарави ғалла ва ҷамъоварии сабзавоти барвақтиро анҷом дода, кишти такрорӣ бо суръат пеш меравад», -афзуд номбурда.
Иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз дар ноҳия дар майдони 7 ҳазору 436 гектар кишти такрорӣ гузаронида шуда, кишоварзон тасмим гирифтанд рӯзҳои наздик дар 500 гектари дигар кишти такрорӣ гузаронанд.
Дар асоси нишондодҳои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пурсамар истифода бурдан аз ҳар як қитъа замини корам деҳқонии ноҳияи Ҳамадонӣ барои зиёд намудани истеҳсоли номгӯи маҳсулот, иҷрои дурнамо ва таъмини барномаи амнияти озуқаворӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Онҳо талош доранд, ки дар таъмини талаботи бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ саҳми арзанда гузошта, истеҳсоли номгӯи маҳсулотро зиёд намуда, аз дурнамо зиёд ҳосил ҷамъоварӣ намоянд. Кишоварзон аз таҷрибаи солҳои пешин хуб медонанд, ки дар натиҷаи оқилонаю самаранок истифода бурдани замину об ва нуриҳои минералӣ ҳосили хуб ба даст овардан мумкин аст.
АКС: МИҲД н.Ҳамадонӣ








Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ бо MCDF баррасӣ шуд
Вазирони нақлиёти Тоҷикистон ва Корея тақвияти ҳамкориро дар соҳаи нақлиёт ва роҳи оҳан баррасӣ намуданд
Байни Агентии содироти Тоҷикистон ва Агентии рушди тиҷорат ва сармоягузории Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ба имзо расонида шуд
Байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва ширкати «Oppenheimer & Co. Inc.» Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкории гумрукиро густариш медиҳанд
Робитаҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Корея тақвият меёбанд
Дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди устувори иқтисодӣ дар шаҳри Лондон муаррифӣ гардиданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо ширкати SK Specialty-и Корея оид ба коркард ва истеҳсоли волфрам тақвият медиҳад
Самтҳои стратегии Маркази ҳамкории бисёрҷониба оид ба маблағгузории рушд барои солҳои 2027-2031 муаррифӣ гардид
ТАҲКИМИ БЕХАТАРИИ САНОАТӢ ВА РУШДИ УСТУВОР. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон
Кишоварзони Тоҷикистон имсол кишти такрориро аз нақша барзиёд иҷро намуданд






