Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи парандапарварӣ ба истифода дода шуд

Июнь 1, 2022 14:18

ДУШАНБЕ, 01.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 1 июн дар Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ корхонаи парандапарварии «Ҷумъабойи Мирзо» мавриди истифода қарор дода шуд, ки масоҳати умумии корхонаи мазкур 0,40 га буда, аз он дар 500 м2 бинои асосӣ ҷой дода шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Корхона бо ҳиммату иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Шукрулло Мирзозода бо маблағи беш аз 635 ҳазор сомонӣ бунёд шуда, барои парвариши 7 ҳазор сар мурғи гӯштдеҳ пешбинӣ гардидааст. Баробари бунёди ин корхона 8 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши муносиб таъмин шудаанд.

Раиси ноҳия Аъзам Ализода зимни ифтитоҳи корхона ба соҳибкор Шукрулло Мирзозода барои ташаббус ва иқдоми созандааш изҳори миннатдорӣ намуда, афзуд, ки «соҳибкорони бонангу номуси ноҳия дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бунёд намудани корхонаву фабрикаҳои парандапарварӣ аҳолии ноҳияро бо гӯшту маҳсулоти хушсифати паранда таъмин менамоянд».

Дар ноҳияи Мастчоҳ айни замон 10 корхонаи парандапарварӣ фаъолият доранд, ки дар 5 моҳи соли равон беш аз 260 тонна гӯшти мурғ ва 18 миллион дона тухм истеҳсол намудаанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

 

Июнь 1, 2022 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBUILD-2026» ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи саноат густариш медиҳанд
Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони ЮНИСЕФ ва БИР дар доираи Саммити ҷаҳонии зеҳни сунъӣ ва рақамӣ мулоқот намуд
Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон созишномаҳои грантӣ ба имзо расонид
КОДЕКСИ ЭКОЛОГӢ. Ин санад бо мақсади истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист қабул гардид
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии лимӯ идома дорад
Ҳиссаи Хатлон дар ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон беш аз 53 фоизро ташкил медиҳад
«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид