Дар ноҳияи Вахш Коллеҷи аграрӣ бунёд мегардад

Июнь 7, 2022 11:44

ДУШАНБЕ, 07.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. Корҳои сохтмонии бинои Коллеҷи аграрӣ дар Ҷамоати деҳоти «Рӯдакӣ»-и ноҳияи Вахш бомаром идома доранд. Коллеҷи мазкур  аз чанд бинои 4 ва 5-қабата иборат буда, барои се ҳазор донишҷӯ пешбинӣ шудааст. Инчунин дар ин ҷо хобгоҳ барои 1200 хонанда ва  60 манзили истиқоматии хизматӣ барои  омӯзгорон бунёд меёбад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни  корҳои ободонию созандагӣ, сохтмони иншооти таъйиноти гуногун ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ноҳияи Вахш сафари корӣ анҷом дода,  нахуст бо вазъи корҳои сохтмонӣ дар  бинои Коллеҷи аграрӣ шинос шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ аз тарафи Дирексияи сохтмонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 48 милиону 912 ҳазор сомонӣ сохта мешавад.

Мақсад аз бунёди Коллеҷи аграрӣ таъмини соҳаи кишоварзӣ бо мутахассисони касбӣ буда, синфхона, хобгоҳ, ошхонаи он  бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад.  Масоҳати замин барои сохтмони коллеҷ қариб 8 гектарро ташкил дода, харҷномаи умумии лоиҳа 149 миллион сомонӣ ҳисоб шудааст.

АКС: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Июнь 7, 2022 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд