Дар шаҳри Бӯстон 150 нафар ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд

Июнь 15, 2022 09:41

ДУШАНБЕ, 15.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бӯстон 150 нафар ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм-фурӯғи маърифат» қадрдонӣ гардиданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон иттилоъ доданд, дар маросими ҷоизасупорӣ раиси шаҳр Мавсума Муинӣ иштирок намуда, иброз дошт, ки «дар ҳама давру замон соҳаи иҷтимоиёт масоили мубрам маҳсуб ёфта, илм ва зарфиятҳои илмӣ, омили пешрафту таҳаввули инсоният маҳсуб меёбад. Таърих гувоҳи он аст, ки инсоният барои расидан ба ҳадафтҳои муайяни худ, аз аҳди бостон то ба имрӯз, дар ҷустуҷӯи илм ва маърифат аст. Бояд тазаккур дод, ки дарёфти илму маърифат роҳи осон набуда, заҳматҳои зиёдро тақозо дорад, ки мо онро бо машаққатҳо фатҳ менамоем».

Гуфта шуд, ки дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», ки 1 июн доир шуд, 42 нафари синашон гуногун аз рӯи номинаҳои навозандагӣ, сарояндагӣ ва композиторӣ дар жанрҳои академикӣ, анъанавӣ ва эстрадӣ ширкат варзида, 25 нафар ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд. Дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки 17, 18 ва 19 май баргузор гардида, 160 нафар аз рӯи номинаҳои осори адибони классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик ва шифоҳии халқи тоҷик, адабиёти бачагона ва афсонаҳои халқи халқи тоҷик, адибони ҷаҳон ва эҷоди назму наср ширкат намуда, 60 нафар ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд. Инчунин дар даври шаҳри Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» 190 нафар довталабон иштирок намуда, аз онҳо 65 нафар ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

Дар маросими мазкур аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ба ғолибону иштирокчиёни фаъол ва омӯзгорон «Диплом», «Сипоснома» ва маблағҳои пулӣ тақдим карда шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

Июнь 15, 2022 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст