Дар шаҳри Гулистон таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – меъмори давлати миллии тоҷикон» конференсия доир шуд
ДУШАНБЕ, 26.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – меъмори давлати миллии тоҷикон» Конфренсияи илмӣ-амалӣ бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ва фаъолони шаҳр баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон хабар доданд, дар конференсия зимни суханронии иштирокдорон зикр шуд, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ – барои тоҷикону тоҷикистониён рӯзи муқаддас ва санаи таърихиву сарнавиштсози баҳамоиву оштии миллӣ, сулҳу суботи комил ба шумор рафта, асоси рушди соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакатро дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоламон таҷассум мекунад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — поягузор ва меъмори Ваҳдати миллӣ дар бораи машаққати ба даст овардани сулҳ таъкид намудаанд, «бо дарназардошти он ки Ваҳдати миллӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон арзиши бисёр муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодати халқамон мебошад, вазифаи ҳар шахси бедордилу огоҳ, худшиносу ватандӯст аз он иборат аст, ки Ваҳдати миллиро чун омили муҳимтарини бақои давлату рушди ҷомеаи Тоҷикистон ҳифзу ҳимоят намояд ва онро чун дастоварди бузурги миллӣ пос дорад».
Ба даст омадани Ваҳдати миллӣ дар пешрафту тараққиёти Тоҷикистон давраи тамоман навро оғоз кард. Ислоҳоти ҷиддии иқтисодие, ки давлат ва ҳукумат дар давраи Истиқлолияти миллии Тоҷикистон пеш гирифтанд, маҳз дар вазъияти сулҳу осоиш ва фазои ҳамдигарфаҳмии халқи тоҷик ҷомаи амал пӯшиданд.
Халқ, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо истифода аз Ваҳдати миллӣ саъю талош намуда, дар давоми 30 соли Истиқлолияти миллии мамлакат ба ваҳдати сиёсӣ, ваҳдати маънавӣ, ваҳдати иқтисодӣ, хулоса ба якпорчагии Ватани азизи худ муваффақ гардид. Ба даст овардани оштии миллӣ ва ризоияти ҳамаи табақаҳои мардуми мамлакат бори дигар собит намуд, ки роҳи пешгирифтаи Сарвари хирадманд – меъмори Кохи Ваҳдати миллӣ ва халқи бурдбори мо дуруст ва бебозгашт аст.
Дар баробари ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ба ва сулҳу осоиштагӣ болоравии некуаҳволии халқ ва комёбиҳои меҳнатӣ дар ҳама равандҳои иқтисодиву фарҳангӣ мавқеи давлати мо дар миқёси байналхалқӣ хеле мустаҳкам гардидааст. Эътирофи сиёсати дохиливу хориҷии Тоҷикистон аз ҷониби мамлакатҳои ҷаҳони муосир, дастгирии ташаббусҳои байналхалқии мамлакати мо ва торафт афзудани ҳаҷми инвеститсияҳои берунӣ ба иқтисодиёти кишвар боз як далели равшани ин гуфтаҳо мебошанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон








АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид






