Дар шаҳри Ҳисор корхонаи саноатии истеҳсоли бомпӯшҳои азбестӣ мавриди истифода қарор гирифт

Июнь 28, 2022 14:27

ҲИСОР, 28.06.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар  дар деҳаи Гаҷаки  Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод корхонаи саноатии истеҳсоли бомпӯшҳои азбестии Ҷамъияти дорои масъулияташ  маҳдуди «Юсуфҷон-2020»-ро мавриди истифода қарор доданд. Дар ин бора ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» котиби матбуоти раиси шаҳри Ҳисор Ҳидоятулло Холзода хабар дод.

Корхонаи мазкур бо иқдоми соҳибкор Баракат Одинаев дар масоҳати умумии 0,31 гектар бунёд ёфта, аз як коргоҳ ва ду хати истеҳсолӣ иборат мебошад.

Тавре роҳбари корхона Нуралӣ Халифаев гуфт, таҷҳизоти насбшуда истеҳсоли давлати Чин буда, иқтидори истеҳсолиаш 300 ҳазор дона бомпуши азбестӣ  дар як солро ташкил медиҳад. Дар корхона, ки дар ҳамкорӣ бо мутахассисони чинӣ бунёд ёфтааст, дар ду баст 25 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши аз 1500 то 2500 сомонӣ таъмин мегарданд.  Ҳамчунин дар ошхонаи корхона ба коргарон хӯроки гарм дода мешавад.

Корхона асосан бо ашёи хоми ватанӣ фаъолият карда, маҳсулоти он метавонад дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷи мамлакат бо сифату рақобатпазирӣ харидорони худро пайдо карда, шуҳрати корхонаро афзун намояд.

Раиси шаҳри Ҳисор  Қосим Роҳбар ба соҳибкор барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» ва таъсиси ҷойҳои нави корию мусоидат намудан ба ҳалли мушкилоти мардум ҷиҳати дастрасӣ ба масолеҳи сохтмонӣ, изҳори сипос намуд. Таъкид гардид, ки солҳои охир бинобар рушди сохтмон дар шаҳр талабот ба ин навъи масолеҳ зиёд шудааст ва эътибор додан ба сифати он барои пайдо гардидани харидорони бештар чӣ дар дохил ва чӣ дар берун аз мамлакат мусоидати фаъол хоҳад намуд.

Тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор давоми ҳафтаи сипаришуда дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти  Ҳисор 17 иншооти ҷашнӣ, аз қабили марказҳои савдою хизматрасонӣ, муассисаҳои тандурустӣ, сардхона, роҳу пулҳо, чоҳҳои амудӣ, ошхонаи замонавӣ ва корхонаҳои саноатию бинои баландошёнаи истиқоматӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

АКС:  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

 

                     

Июнь 28, 2022 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд