Дар Суғд масъалаи ҳамкорӣ бо доираҳои тиҷоратии Британияи Кабир баррасӣ гардид

Июнь 22, 2022 17:40

ДУШАНБЕ, 22.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тим Ҷонс доир ба таҳсили донишҷӯён дар макотиби олӣ, зиёд намудани мубодилаи молу маҳсулот, коркарди захираҳои табиӣ, коркарди пахтаву маҳсулоти кишоварзӣ, татбиқи лоиҳаҳои нав дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ мубодилаи афкор намуданд. Дар ин бора  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҳамчунин масъалаи рушди ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раиси вилоят таъкид кард, ки Тоҷикистон ва Британияи Кабир муносибатҳои хуби дӯстона дошта, таҳти сиёсати роҳбарони олии ду кишвар ҳамкорӣ дар самтҳои мухталиф густариш ёфта истодааст.

Гуфта шуд, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои зиёд буда, тавассути ҷалби сармоя ва доираҳои тиҷоратии Британияи Кабир метавон корхонаҳои навро ташкил намуд.

Мулоқоти тарафҳо бо баррасии дурнамои ҳамкории  дуҷониба ба анҷом расид.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июнь 22, 2022 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид