Дар Теҳрон ҳамоиши сайёҳии Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид

Июнь 14, 2022 08:13

ДУШАНБЕ, 14.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон 9 июн ҳамоиши сайёҳии Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар чорабинии мазкур дар баробари намояндагони Вазорати мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Эрон ва Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, роҳбарони ширкатҳои сайёҳии ҳарду кишвар, анҷуманҳо, намоишгоҳҳои сайёҳӣ ва воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

Ҳамоишро Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ ифтитоҳ намуд, ки дар он вазъи кунунӣ ва дурнамои равобити Тоҷикистон ва Эрон дар партави сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Теҳрон (29-30 майи соли 2022) мавриди арзёбӣ қарор гирифт. Дар ин росто зикр гардид, ки имзои санадҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф зимни боздиди мазкур заминаи мусоидро барои тақвияти ҳамкорӣ дар арсаҳои гуногун, аз ҷумла дар бахши сайёҳӣ миёни Тоҷикистону Эрон фароҳам овардааст.

Дар ҷараёни ҳамоиш роҳбарияти ширкатҳои сайёҳии “Ориент Тур”, “Расул Тур”, “Рафтем”, ва “Хидматрасонии сайёҳӣ”-и Тоҷикистон имкониятҳои сайёҳии кишварро муаррифӣ карданд. Дар ҳошияи ин чорабинӣ мусаввараҳо ва филмҳо дар бораи ҷозибаҳои сайёҳии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуда, дар фарҷоми он қарордодҳои ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистон ва Эрон ба имзо расид.

Акс: ВКХ ҶТ

Июнь 14, 2022 08:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд