Дар Вена бахшида ба 30-юмин солгарди барқароршавии робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Австрия мизи мудаввар баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 30.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 29 июн дар Академияи дипломатии Вена дар ҳошияи ройзаниҳои сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия бахшида ба 30-юмин солгарди истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни ду кишвар мизи мудаввар баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Роҳбари ҳайати Тоҷикистон, муовини Вазири корҳои хориҷии кишвар Фарҳод Салим ба ширкаткунандагон роҷеъ ба рушди сиёсӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи давраи Истиқлоляти давлатӣ, аҳаммияти иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар таҳкими пояҳои давлатдории кишвар, 25 соли Ваҳдати миллӣ маълумот дода, нақши боризи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин раванд таъкид намуд. Зимни суханронӣ инчунин масъалаҳои марбут ба равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия, ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, инчунин ҳолати кунунӣ ва дурнамои сиёсати хориҷии Тоҷикистон матраҳ гардиданд.
Дар ҳамоиши мазкур намояндагони Вазорати корҳои аврупоӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Австрия, Академияи дипломатии Вена, созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Вена, ҳайати дипломатии Вена ва ҳамватанони бурунмарзӣ ҳузур дошта, дар рафти суҳбат фаъолона иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия 25 марти соли 1992 барқарор шуданд.
Соли 2011 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Австрия баргузор шуд.
Соли 2013 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Австрия ҷаноби Ҳайнтс Фишер ба Тоҷикистон барпо гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия машваратҳои сиёсӣ ва фаъолияти Комиссияи муштараки иқтисодиро ба сифати абзори муҳим барои тақвияти муносибатҳои фарогир истифода мебаранд.
Дар муносибатҳои муосир алоқаҳои байнипарламентии ҳарду кишвар инкишоф меёбанд.
Пояи шартномавӣ-ҳуқуқии ҳамкории ду давлат беш аз 13 созишномаҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравиро дар бар мегирад.
Аз соли 1972 Клагенфурт ва Душанбе бародаршаҳр мебошанд.
Акс: ВКХ ҶТ








Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид
Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо фаъолияти рӯзномаи «The Times Kuwait» шинос шуд






