Дар Восеъ барои омўзгорон машварати омӯзишӣ доир карданд
ВОСЕЪ, 21.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаи таълимии рақами 14-и ноҳияи Восеъ барои расонидани ёрии методӣ, баланд бардоштани сифату таълиму тарбия, салоҳиятнокӣ, хуҷҷатнигорӣ, иҷрои барномаҳои таълимӣ, таквият бахшидан дар таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ҷалби ҳарчи бештари хонандагон ба маҳфилҳои фаннӣ ва касбияти омӯзгорон, корҳои кабудизоркунӣ, бунёдкорӣ ва ободонӣ машварати омӯзишӣ гузаронида шуд. Дар ин бора ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛЗОДА дар шуъбаи маорифи ноҳия хабар доданд.
Дар машварат ба директорон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия таҷрибаи пешқадами ин муассиса нишон дода шуд. Онҳо бо тарзи ҳуҷҷатнигорӣ, ташкили маҳфилҳои фаннӣ ва омодасозии ҳуҷҷатҳои хонандагон шинос шуданд.
Тавре мудири шуъбаи маорифи ноҳия Муҳаммад Орифзода иттилоъ дод, тибқи нақша дар 15 синфхона омӯзгорони муассисаи рақами 14 дарсҳои кушод гузарониданд, ки дар он омӯзгорон аз дигар муассисаҳо иштирок намуданд. Дар дарсҳо омӯзгорон аз асбобҳои аёнӣ, таҷҳизоти муосири таълимӣ ва методу усулҳои нави таълимӣ истифода менамоянд, ки самараи хуб дода истодааст. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14 яке аз муассисаҳои калонтарини ноҳия ба шумор рафта, дар он 1500 нафар хонанда ба таълим фаро гирифта шуда, ба онҳо 80 нафар омӯзгорон дарс мегӯянд. Ҳамасола нишондиҳандаи хонандагон ва иштироки фаъоли онҳо дар озмуну олимпиада ва дигар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ аз беҳтар гардидани сифати таълиму тарбия дар ин муассиса дарак медиҳад.
Баъд аз анҷоми дарсҳои кушод ва аз назар гузаронидани ҳуҷҷатгузорӣ, кабинетҳои фаннӣ, дарси омодагии ҳарбӣ ва заминҳои назди муассиса ба омӯзгорон тавсия дода шуд, ки дар дарсҳо аёниятҳо ва техникаи муосири таълимиро васеъ истифода баранд. Ба беҳтарин омӯзгорон сипосномаи шуъбаи маориф супорида шуд.
Мавриди зикр аст, ки дар соҳаи маорифи ноҳияи Восеъ сол аз сол пешравиҳо ба назар мерасад, ки ин ҳама аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон унвон мешавад. Гуфта шуд, ки имсол дар даври олимпиадаҳои фаннӣ хонандагони муассисаҳои ноҳия 51 медал ва 8 ҷои ифтихориро сазовор гардиданд. Маорифчиён барои боз ҳам хубтар шудани сифати таълиму тарбия аз таҷрибаи пешқадам истифода менамоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид






