Дар Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2022» 60 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 20.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Ярмаркаи VIII байналмилалии савдо «Суғд-2022», ки 17 ва 18 июн дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, 60 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, 17 ва 18 июн дар шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2022» дар сатҳи баланд доир гардид, ки дар он 400 нафар соҳибкорону тоҷирон аз минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русия, Чин, Туркия, Эрон, Арабистони Саудӣ, вилоятҳои Тошканд, Фарғона, Самарқанд, Ҷиззах, Намангон, Хоразм, Сирдарёи Ҷумҳурии Узбекистон, вилоятҳои Минску Могилёви Ҷумҳурии Беларус, Қазоқистон иштирок карда, бо маҳсулоти дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда, зарфияту имкониятҳои соҳаи саноату кишоварзӣ ошно гардиданд.
Дар доираи ярмарка ҷонибҳо барои рушди ҳамкории иқтисодӣ гуфтушунидҳо анҷом дода, барои роҳандозии ҳамкорӣ як қатор созишномаҳоро ба имзо расониданд. Аз ҷумла, миёни мақомоти давлатӣ ва ширкату корхонаҳои истеҳсолии вилояти Суғд ва кишварҳои иштироккунанда Федератсияи Русия, Чин, Туркия, Эрон, Узбекистон, Беларус, Қазоқистон 60 созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Минбаъд дар асоси санадҳои имзошуда тарафҳо барои рушди ҳамкории иқтисодӣ ва амалисозии тарҳҳои муштарак фаъолият менамоянд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад






