Дар Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2022» 60 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Июнь 20, 2022 15:44

ДУШАНБЕ, 20.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Ярмаркаи VIII байналмилалии савдо «Суғд-2022», ки 17 ва 18 июн дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид,  60 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд,  17 ва 18 июн дар шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2022» дар сатҳи баланд доир гардид, ки дар он 400 нафар соҳибкорону тоҷирон аз минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русия, Чин, Туркия, Эрон, Арабистони Саудӣ, вилоятҳои Тошканд, Фарғона, Самарқанд, Ҷиззах, Намангон, Хоразм, Сирдарёи Ҷумҳурии Узбекистон, вилоятҳои Минску Могилёви Ҷумҳурии Беларус, Қазоқистон иштирок карда, бо маҳсулоти дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда, зарфияту имкониятҳои соҳаи саноату кишоварзӣ ошно гардиданд.

Дар доираи ярмарка ҷонибҳо барои рушди ҳамкории иқтисодӣ гуфтушунидҳо анҷом дода, барои роҳандозии ҳамкорӣ  як қатор созишномаҳоро ба имзо расониданд. Аз ҷумла, миёни мақомоти давлатӣ ва ширкату корхонаҳои истеҳсолии вилояти Суғд ва кишварҳои иштироккунанда  Федератсияи Русия, Чин, Туркия, Эрон, Узбекистон, Беларус, Қазоқистон 60 созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Минбаъд дар асоси санадҳои имзошуда тарафҳо барои рушди ҳамкории иқтисодӣ ва амалисозии тарҳҳои муштарак фаъолият менамоянд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

 

Июнь 20, 2022 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон наздикӣ 1000 адад гармхонаҳои доимамалкунанда фаъолият мекунанд
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод