Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ сазовори ҷойи якум шуд
ДУШАНБЕ, 20.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо гирифтани бештари ҷойҳои ифтихорӣ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таҳти унвони «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст» аз рӯйи равияи фанҳои гуманитарӣ, иқтисодию иҷтимоӣ сазовори ҷойи якум гардид. Ҷойи дуюм ба дастаи донишҷӯёни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода насиб гардида, мақоми сеюмро дастаи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба даст оварданд, иттилоъ додан ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми мамлакат.
Иттилоъ дода шуд, ки 18 июн бо иштироки Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини вазири маориф, ректорони макотиби олӣ, устодону омӯзгорон ва донишҷуён олимпиадаи мазкур ҷамъбаст гардид.
Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷавонон ёдовар шуда, нақши онҳоро ҳамчун неруи созандаву ташаббускор дар рушду пешрафти кишвар муҳим арзёбӣ намуд.
Таъкид кард, ки олимпиадаи мазкур ба дарёфти донишҷӯёни соҳибистеъдод, дастгириву ҷалб намудани онҳо ба пажуҳишҳои илмӣ ва ба ин васила, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим мусоидат мекунад.
Дар ҷамъбаст 14 нафар донишҷӯ ҷойи якум, 13 нафар ҷойи дуюм, 10 нафар ҷойи сеюм ва 18 нафар барои фаъолнокӣ нишон додан бо «Ифтихорнома» сазовор дониста шуданд.
Вазири маориф ва илм ба ғолибон ва як гурӯҳ иштирокдорони фаъол «Диплом», «Ифтихорнома», медал ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Ба устодоне, ки шогирдонашон дар ин озмун мақоми аввалро ба даст оварданд, аз ҷониби раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо роҳхат ба осоишгоҳи «Хоҷа Обигарм» ҳавасманд гардиданд.
АКС: Вазорати маориф ва илми ҶТ








Пешвои миллат: «Бе донистани забони адабии тоҷикӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ номумкин аст»
Дар Душанбе доир ба саҳми Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ЗЕҲНИ СУНЪӢ–ЭЪТИМОД, АМНИЯТ ВА РУШД». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Рашт ҳамоиши илмӣ доир гардид
Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид






