Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар бахши сайёҳӣ баррасӣ гардид

Июнь 18, 2022 09:47

ДУШАНБЕ, 18.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 июн Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов бо роҳбари Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ (ITB Berlin) Давид Рютс вохӯрӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷонибҳо иқтидор ва имконоти гардишгарии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, омодагии худро барои густариши ҳамкории баъдӣ дар ин самт ва таблиғи муштараки бахши сайёҳӣ изҳор доштанд.

Имомудин Сатторов изҳор дошт, ки Тоҷикистон барои рушди бахши сайёҳӣ мероси бузурги фарҳангию таърихӣ, мавқеи муносиби ҷуғрофӣ ва манзараҳои дилфиреб дорад. Бинобар ин, барои ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони хориҷӣ шурӯъ аз 1 январи соли 2022 низоми бераводиди яктарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 52 кишварҳо ҷорӣ ва аз 6 июни соли равон парвози мустақим дар масири Душанбе-Мюнхен-Душанбе роҳандозӣ гардид.

Дар идомаи гуфтугӯ сатҳи иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ITB Berlin-2023 ва тадорукоти марбут ба он мушаххас карда шуд.

Тибқи иттилои Давид Рютс, баргузории Намоишгоҳи навбатии байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin» дар давраи 7-9 марти соли 2023 дар Маҷмааи намоишгоҳии «Messe Berlin» ба нақша гирифта шудааст.

Акс: ВКХ ҶТ

Июнь 18, 2022 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд