Дурнамои тавсеаи ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон бо САҲА баррасӣ гардид

Июнь 10, 2022 10:56

ДУШАНБЕ, 10.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавсеаи ҳамкории Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар мулоқоти муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Азим Турсунзода бо Сафир — ҳамоҳангсози фаъолиятҳои иқтисодӣ ва экологии САҲА Игли Ҳасани  дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар  Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Ҷонибҳо масоили густариши ҳамкориро дар самтҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, такмили ихтисоси кормандони Хадамоти гумрук ва муҷаҳҳаз гардонидани толори таълимӣ бо технологияҳои муосири рақамӣ муҳокима карданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба масъалаҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии силоҳ ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои фаромарзии муташаккил табодули назар намуданд.

Мусоҳибон инчунин дурнамои ҳамкориро барои соли 2022 пешбинӣ намуда, масъалаи гузаронидани арзёбии иқтидори малакаи касбии кормандони гумрук барои таҳияи модули нави таълимӣ, таҳияи саволҳои имтиҳонӣ барои брокерони гумрукӣ ва кормандони нав ба кор қабулшаванда дар мақомоти гумрук ва таҳлили муштарак бо Созмони умумиҷаҳонии гумрук (СУГ) дар робита ба Конвенсияи аз нав дида баромадашудаи Киоторо мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар доираи ҳамкории дуҷониба бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе аз соли 2011 инҷониб беш аз 300 нафар кормандони мақомоти гумрук дар курсҳои гуногуни Коллеҷи САҲА ба таълим фаро гирифта шуда, аз таҷрибаи байналмилалӣ дар самтҳои фаъолияти гумрукӣ ва ҳифзи сарҳадӣ бархурдор гашта, бо шаҳодатномаҳои байналмилалӣ сарфароз гардидаанд. Инчунин дар доираи «Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» толори нав бо технологияҳои муосири рақамӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, ҳамчун кумаки бебозгашт ба Хадамоти гумрук тақдим шудааст.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 10, 2022 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ