Дуторнавози тоҷик Севара Шарипова дар Озмуни байналмилалии «Бозторгай» соҳиби ҷои аввал гардид
ДУШАНБЕ, 02.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯи Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд Севара Шарипова дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти бачагонаи «Бозторгай»-и шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон сазовори ҷои аввал гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.
Дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон озмуни байналмилалии эҷодиёти бачагонаи «Бозторгай» бо иштироки 700 нафар наврасони лаёқатманд аз 6 кишвари ҷаҳон баргузор шуд, ки дар он донишҷӯи Коллеҷи санъати ба номи С. Ҳофиз дар шаҳри Хуҷанд Севара Шарипова аз Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, аз рӯи номинаи «Иҷроиши мардумӣ» дар дутор сазовори ҷои аввал гардид.
Дар озмуни мазкур иштирокчиёни аз рӯи номинаҳои «вокал», «хореография» ва «иҷроиши мардумӣ» ширкат варзиданд. Миёни онҳо Севара Шарипова маҳорати баланди эҷодӣ нишон дода, сазовори баҳои баланди ҳайати ҳакамон гардид.
АКС: Вазорати фарҳанги ҶТ








Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд






