Гурӯҳи корӣ аз иншооти сохташавандаи шаҳри Хоруғ дидан намуд

Июнь 14, 2022 09:31

ДУШАНБЕ, 14.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар маҳаллаҳои Султони Валӣ, Носири Хусрав ва Хуфаки шаҳри Хоруғ се адад майдончаҳои варзишӣ дар рузҳои таҷлил аз ҷашни миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.

Муовини якуми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Низом Мирзозода ва раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода аз рафти корҳои сохтмонӣ дар майдончаҳои варзишии маҳаллаҳои мазкур дидан ба амал оварданд.

Зикр карда шуд, ки бунёди ин иншоот бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти Ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, барои анҷоми корҳои сохтмонии ҳар кадоме аз онҳо маблағи 1 миллион сомонӣ масраф шудааст.

Ҳамзамон муовини якуми раиси вилоят ва раиси шаҳри Хоруғ аз рафти корҳои сохтмонӣ дар мавъзеи бунёди бинои дуюми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 шаҳри Хоруғ боздид намуданд. Айни замон дар муассиса корҳои заминӣ бо маром ҷараён дошта, бо пурра бардошта шудани бинои кӯҳна сохтмони бинои дуюм шурӯъ мегардад. Фармоишгари иншооти мазкур Дирексияи сохтмони иншооти Ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмониро ҶДММ «Шариф-ШС» ба уҳда гирифтааст. Барои бунёди бинои навбатии муассисаи таълимӣ 5 миллион сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.

Ба пудратчии иншооти мазкур аз ҷониби муовини аввали раиси вилоят ва роҳбарияти шаҳри Хоруғ дастур дода шуд, ки сохтмонро босифати баланд ва мувофиқ ба талаботи шаҳрсозиву меъморӣ дар муҳлати муайяншуда ба итмом расонанд.

Зимни боздид аз биноҳои ҷамоати шаҳраки Шоҳтемуриён ва Раёсати маорифи вилоят роҳбарони ин ниҳодҳо барои дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани биноҳои маъмурӣ , тозаву тамиз намудани гирду атрофи онҳо, ба талаботи замон ҷавобгў гардондани аёният ва шиору овезаҳо, ҳамчунин вусъати корҳои ободониву созандагӣ вазифадор карда шуданд.

Инчунин дар маҳаллаҳои алоҳида чароғонкунии ҳудуди муайян, мумфаршкуни ин қитъаҳои роҳҳои нақлиётӣ ва иваз намудани қубурҳои обгузар дар назар дошта шудааст, ки аз ин маконҳо низ муовини аввали раиси вилоят ва раиси шаҳри Хоруғ дидан ба амал оварда, ҳар чи тезтар оғоз намудани корҳоро дар ин самт ба мақсад мувофиқ хонданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ

Июнь 14, 2022 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст