ҲХДТ бахшида ба 25-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ дар Бохтар Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ доир намуд

Июнь 25, 2022 11:35

ДУШАНБЕ, 25.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) ва ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар вилояти Хатлон ба ифтихори 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ 24 июн дар шаҳри Бохтар Конфронси байналмилалии илмӣ-амалии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» доир гардид.

Тибқи иттилои маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ, дар кори конфронс, ки дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон баргузор гардид, муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, Раиси вилояти Хатлон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Қурбон Ҳакимзода, олимону муҳаққиқон ва ходимони давлатию ҷамъиятӣ аз тамоми манотиқи кишвар, коршиносони сиёсӣ аз донишгоҳу донишкадаҳо, Академияи илмҳо ва академияҳои соҳавӣ, муовини Раиси ҳизб, кормандони дастгоҳи КИМ ҲХДТ, раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳазбӣ ва фаъолони ҳизб иштирок намуданд.

Сардори маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ Илҳомҷон Ҳамидиён гуфт, конфронси мазкур маротибаи сеюм баргузор шуд, ки таҳким бахшидани рукнҳои илмӣ-амалии фаъолият ва ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ҳамчун мактаби сиёсӣ мақсади худ медонад.

-Ин конфронси илмӣ соли 2020 дар сатҳи ҷумҳурӣ дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ва соли 2021 дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Данғара бо иштироки 150 нафар олимону муҳаққиқон баргузор шуд. Конфронси имрӯза дар ду қисм – пленарӣ ва кор дар бахшҳо доир гардида, натиҷаи он барои истифода дар фаъолияти идеологӣ, аз ҷумла сохторҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва бахшҳои идеологии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ пешниҳод карда шуд, -афзуд Илҳомҷон Ҳамидиён.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар конфронс иброз дошт, ки мактаби сиёсии Пешвои миллат- мактаби миллии давлатдорӣ, таъмини ваҳдат ва суботи комили ҷомеаи Тоҷикистон, бунёди зерсохторҳои ваҳдати миллӣ, узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидани Тоҷикистон, эҳё ва меросбарӣ аз арзишҳои фарҳангиву таърихии миллат ва дигар дастовардҳо низ аз муҳимтарин комёбиҳое мебошанд, ки бо азму талош ва ҷонисориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.

— ҲХДТ таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи фаъолияташ собит сохт, ки метавонад ҷомеаро атрофи ғояҳои созандагиву бунёдкорӣ муттаҳид намуда, бо амалӣ гардонидани барномаҳои мушаххас халқи тоҷикро ба пеш, ба сӯи қуллаи мурод муваффақона раҳнамоӣ намояд, — ишора намуд Қ.Ҳакимзода.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода зикр кард, ки «Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи давлатӣ бардоштани идеяи ваҳдати миллӣ ва мубориза бурдан дар роҳи расидан ба ин ҳадафи бузургро бо меъёрҳо ва арзишҳои даврони гузаштаву имрӯз, ки моҳияти зиндагии ҷомеаро муайян мекунанд, иваз намуданд. Падидаҳое чун худшиносӣ, ватандӯстӣ, ваҳдату ягонагӣ вақте густариш меёбанд, ки агар афроди ҷомеа арзиши истиқлолияти худро дарк намоянд. Аммо барои он ки мардум ин ҷавҳари идеологиро дарк намояд, бояд иқдомҳои густурдае чӣ дар сатҳи баланди давлатӣ ва чӣ дар ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо сурат гиранд. Дар ин замина, Сарвари давлат ба сифати идеологи асосии истиқлолият ва тарғибгари ғояҳои ваҳдату ягонагӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ ба иқдом пардохт».

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ гуфт, ки «баргузории конфренсияи имрӯза, аз ҷумлаи силсилаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 25 – солагии созишномаи сулҳ, яъне Рӯзи Ваҳдати миллӣ мебошад. Конфренсия аз ҷиҳати мазмуну интихоби мавзўъ ниҳоят муҳиму арзишманд буда, таҳқиқу омӯзиши паҳлўҳои он барои аҳли илм, хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ қобили мулоҳиза ба ҳисоб меравад. Аҳамияти конфронс то ҷоест, ки агар дастовардҳои даврони истиқлолиятро чамъбаст намоем, яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо ҳамчун давлат ва миллат маҳз ҳамин ташаккули мактаби сиёсии Пешвои миллат мебошад».

«Арзёбии боз ҳам амиқтар нишон медиҳад, ки мавҷудияти чунин мактаб акнун на танҳо дастоварди миллӣ, балки устуворӣ ва идомаи он кафили бақои давлат ва ҳастии миллати мо низ мебошад, — гуфт А.Азизӣ ва илова кард, ки ин мактаб дар шароити пуртазоди таърихию сиёсӣ зина ба зина такомул ёфта, то имрӯз асосҳои илмию назариявӣ, меъёрию ҳуқуқӣ ва афзалиятҳои рушди минбаъдаи он қариб пурра ташаккул ёфтаанд».

Номбурда ҳамчунин иброз дошт, ки «ҷараёни ба миён овардану таҳкими ваҳдати миллӣ, густариши худшиносӣ ва ифтихори миллӣ дар даврони навин бо номи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон робитаи ногусастанӣ дорад. Маҳз Эмомалӣ Раҳмон худшиносии миллиро ба унвони масъалаи бунёдии ҳаёти иҷтимоӣ ташхис дод ва роҳу равиши густариш ва такомули онро муайян намуд. Вай нақши давлатро ҳамчун омили асосии инкишофи худшиносӣ ва муттаҳидсозандаи халқ таъйин намуда, масъалаи ваҳдати миллиро бар мақоми иқдомоти густурдаи сиёсиву иҷтимоӣ бардошт».

«Эмомалӣ Раҳмон дар айёме роҳбари Тоҷикистон интихоб шуданд, ки ду унсури ҳамдигарсоз – давлат ва миллат аз ҳам дар фосила қарор доштанд. Давлат ба иллати фалаҷ шудани ҳокимияти давлатӣ наметавонист аз ҳуқуқи шаҳрвандон дифоъ кунад ва ба ин васила вазифаи аслии худро анҷом диҳад. Шаҳрвандон дар мавриди набудани як нерӯи тавонои сиёсӣ, ки тавонад ҷомеаро зери парчами марому мақсади муайяни иҷтимоии ҷавобгӯи ормонҳои мардум фароҳам биоварад, дар ҳолати парешонӣ қарор доштанд. Хизмати бузург ва таърихии Эмомалӣ Раҳмон дар он зоҳир мегардад, ки тавонистанд дар шароити бӯҳрони амиқи иқтисодиву маънавӣ ва дар вазъияти мураккаби сиёсиву ҳарбӣ ҳам пояҳои давлатдориро бунёд созаданд ва ҳам мардуми мамлакатро зери парчами миллат муттаҳид намоянд», илова кард А.Азизӣ.

Гуфта шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ҳамчун роҳбари сиёсӣ ва бунёдкори давлатдории навин, балки ҳамчун таблиғгари фаъоли ғояҳои ваҳдати миллӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ ба майдони фаъолият ворид шуданд. Фаъолияти амалӣ ва афкори назариявии ӯ на фақат мавриди таваҷҷуҳи мардуми аз аввал ба сохти конститутсиявӣ содиқ, балки боиси тағйири ақида намудани онҳое гардид, ки то муддате мавқеи бетарафиро ихтиёр карда буданд. Иқдомҳои густурдаи барои ба Ватан бозгардонидани фирориён ва муроҷиатҳои такрор ба такрор ба гурезагони иҷборӣ, ки бо лутфу меҳри бародарона ва фарзандона садо медоданд, корвони раҳгумзадаи ҳамдиёронро сӯи Ватан раҳнамун сохт.

Таъкид гардид, ки мактаби сиёсии Пешвои миллат, ки дастоварди замони истиқлол мебошад, марҳилаҳои гуногунро тай карда, ба таври комил такмил ёфтааст. Дар ин давра таҷрибаи амалии давлатдорӣ ҳосил гашта, масъалаҳои асосии давлатсозию давлатдории миллӣ ҳалли худро пайдо намуданд.

— Агар ин дастовардҳои амалии давлатдориро ба таври боз ҳам мушаххастар арзёбӣ намоем, дар ин марҳилаи ҳассоси таърихӣ аз ҷумла худи давлатдории милли тоҷикон аз вартаи ҳалокат наҷот ёфта, ягонагии ҳудудии кишвар ҳифз карда шуд, аркон ва сохтори давлатдорӣ барқарор гашта, сулҳу ваҳдати миллӣ таъмин карда шуд, раванди эҳёи миллӣ самту суръат ёфта, буҳрони шадиди иқтисодӣ бартараф шуд ва мақоми устувори байналмилалии Тоҷикистон таъмин карда шуд, — гуфт дар ҷамъбаст А.Азизӣ.

Бо сухани табрикотӣ аз номи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон муовини якуми вазир, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷамшед Ҷӯразода баромад карда, доир шудани конфронси байналхалқиро дар шароити муосир тақозои рӯз арзёбӣ намуд.


Ҳамин тариқ, тибқи барнома вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Ҷамшед Муртазозода дар мавзӯи «Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол — заминаи ваҳдати миллӣ ва нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ин марҳила», директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Абдураҳим Холиқзода дар мавзӯи «Идеология ва ё мафкураи миллӣ ҳамчун василаи устувори муқовимат бо таҳдидҳои берунӣ», устоди Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев, номзади илмҳои таърих Пайрав Мирзоашрафов дар мавзӯи «Саҳми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани нуфузи кишвар дар арсаи олам», ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Абдураҳмон Муҳаммад дар мавзӯи “Ваҳдат-тавоноӣ ва сармояи бузурги миллӣ”, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Шодизода дар мавзӯи «Саҳми Пешвои миллат дар таъмини рушди соҳаи сайёҳӣ», ректори Донишгоҳи энергетикии Тоҷикистон, номзади илмҳои кимиё Диловар Исозода дар мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон ва рушди иқтисодиёти сабз дар Тоҷикистон», ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Нуралӣ Шоҳиён дар мавзӯи «Мактаби сиёсӣ ва саҳми беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди илму маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон», ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, доктори илмҳои биологӣ, профессор Сайфиддин Давлатзода дар мавзӯи «Ислоҳоти аграрӣ — омили асосии таъмини амнияти озуқаворӣ ва кафолати зиндагии шоистаи мардум» бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд.

Дар ҷамъбасти ҷаласаи пленарии конфронс ҳамчун рамзи қадрдонӣ ба чанде аз фаъолони ҳизб “Сипоснома”-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тақдим гардид.

Қисмати дигар дар толорҳои Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон аз рӯи чаҳор бахш: «Сиёсатшиносӣ ва идоракунӣ», «Иқтисодиёт ва энергетика», «Ҳуқуқ, амнияти миллӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ» ва «Кишоварзӣ ва саноатикунонӣ» нимаи дуюми рӯз сурат гирифт.

АКС: Маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ

Июнь 25, 2022 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ масоили ҳамкории илмию таҳлилиро баррасӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Аз 1 апрел кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ фаро гирифта мешаванд
Дар ноҳияи Айнӣ сеюмин ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ баргузор шуд
НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ МУЖДАИ НЕКИ БАҲОРИ ХУРРАМ. Дар Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳи хоса таҷлил шуд
Тоҷикистон терроризму ифротгароиро қотеона маҳкум менамояд
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли ғизои солим беҳтарин роҳи ҳифзи солимии шахс мебошад
Кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷашни Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд