ИҶОЗАТИ ПАРВОЗ МЕПУРСАНД. Ду ширкати ҳавопаймоии Русия мехоҳанд ба Тоҷикистон парвозҳои мустақим анҷом диҳанд

Июнь 16, 2022 11:50

ДУШАНБЕ, 16.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Якбора ду ширкати ҳавопаймоии Русия – «Азур Эйр» ва «Уральские авиалинии» барои анҷом додани парвозҳо аз Перм ба Тоҷикистон иҷозат хостаанд. Дар ин бора аз маводи ҷаласаи комиссияи байниидоравии Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ оид ба қабули ширкатҳои ҳавопаймоӣ барои ҳамлу нақли ҳавоӣ бармеояд.

Тавре дар ҷаласаи ҳукумати кишвари Перми Федератсияи Русия маълум шуд, дар ҷадвали фурудгоҳи «Болшое Савино» парвозҳои нав ба Тоҷикистон метавонанд пайдо шаванд. Дар сурати гирифтани иҷозат барои ҳамлу нақли ҳавоӣ, ширкати ҳавопаймоии «Уральские авиалинии» дар масири Перм-Душанбе ҳафтае ду маротиба парвозҳои нав ба нақша гирифтааст.

Ширкати ҳавопаймоии «Азур Эйр» низ қасд дорад дар масири Перм-Хуҷанд ҳафтае ду маротиба парвоз кунад.

Вазири нақлиёти кишвари Перм Андрей Алякринский зикр кард, ки дар марҳилаи кунунӣ бо ширкатҳои ҳавопаймоӣ гуфтушунидҳо барои кушодани хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ ба дигар кишварҳои хориҷи наздик идома доранд.

Барномаи субсидияи парвозҳо дар соли 2022 262 миллион рублро пешбинӣ мекунад.

Ҳоло фурудгоҳи Перм дар 27 самт фаъолият мекунад. Дар байни онҳо се самти байналмилалӣ — Туркия, Қирғизистон ва Узбекистон мебошад.

Қобили зикр аст, ки қаблан ширкати ҳавопаймоии «Северный ветер» қасд дошт тавассути ин самтҳо ба Тоҷикистон парвоз анҷом диҳад.

Ёдовар мешавем, ки панҷ ширкати ҳавопаймоии Федератсияи Русия, аз қабили «Сибир», «Ютэйр», «Уральские авиалинии» ва «Северний ветер» дар як ҳафта 145-150 маротиба аз Тоҷикистон ба 16 шаҳрҳои Русия парвозҳо анҷом медиҳанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» муовини  директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Набизода хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, парвозҳо ба шаҳрҳои Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд ва Душанбе сурат мегиранд. Айни замон як ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон «Somon Air» ба шаҳрҳои Русия парвозҳо анҷом медиҳад.

Тибқи иттилои  Азиз Набизода, айни замон ҳавопаймоҳои «Уральские авиалинии» аз шаҳрҳои Кӯлоб, Хуҷанд ва Душанбе ба шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Қазон, Краснодар, Уфа, Самара, Минводи ва Челябинск парвозҳо анҷом медиҳанд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар» 

ДАР АКС: ҳайати сарнишинони «Уральские авиалинии». Акс аз манбаъҳои боз

Июнь 16, 2022 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон – 2026 доир мегардад
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидори амалкунанда беш аз 100 ҳазор зиёд гардидааст
Дар Тоҷикистон дар 25 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 122 баробар афзоиш ёфтааст
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «То соли 2037 Тоҷикистонро пурра ба кишвари «сабз» табдил медиҳем»
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Бо саҳми соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша зиёда аз 10 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ навсозӣ гардида, 273 пул бунёд гардид»
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»